Ба 66 хонавода дар ВМКБ кумакҳои президент супорида шуд

© Пресс-служба КЧС РТВ ГБАО раздали гуманитарную помощь пострадавшим от землетрясений
В ГБАО раздали гуманитарную помощь пострадавшим от землетрясений - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.02.2023
Обуна шудан
Кумакҳои ирсолнамудаи роҳбари давлат бо иштироки намояндагони ВАО ва Комиссияи махсус ба хонаводаҳои аз офати табиӣ зарардида тақсим гардид
ДУШАНБЕ, 23 фев — Sputnik. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба 66 хонавода кумаки ирсолнамудаи роҳбари давлат тақсим карда шуд. Дар ин бора Вазорати ҳолатҳои фавқулода хабар дод.
"Кумакҳо аз 25 номгӯ дар ҳаҷми 40 тонна буда, аз сару либоси зисмистона, пойафзол, маводи ғизоӣ, бухориҳои чӯянӣ, катҳои хоб бо ҳама лавозимоташон иборат мебошад", - омадааст дар хабари КҲФ.
Ба иттилои манбаъ, сокинон кумаки роҳбари давлатро аз назди Мактаби президентӣ дар шаҳри Хоруғ қабул карданд.
Манбаъ меафзояд, кумакҳо бо иштироки хабарнигорон ва ҳамчунин Комиссияи махсусе, ки бо дастури сарвазир таъсис дода шуд, ба хонаводаҳои аз офати табиӣ зарардида тақсим гардиданд.
Визит президента Эмомали Рахмона в Туркмению - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.02.2023
Раҳмон ба хонаводаи қурбониёни тарма дар ВМКБ 40 000 сомонӣ кумак кард
Маврид ба зикр аст, ки аз офатҳои табиии ахир бештар аз ҳама сокинони ноҳияҳои Ванҷ, Дарвоз, Рӯшон, Шуғнон, Роштқалъа ва шаҳри Хоруғ зарар диданд.
Танҳо дар шаҳри Хоруғ беш аз даҳ нафар қурбони тармафароӣ шуда, сокинони зиёд бехонаву дар монданд.
Тибқи маълумоти ахир, бар асари тармафароӣ дар Тоҷикистон 18 нафар кушта шуданд, ки аксари онҳоро сокинони ВМКБ ташкил медиҳанд.
Лентаи хабарҳо
0