Раҳмон ба хонаводаи қурбониёни тарма дар ВМКБ 40 000 сомонӣ кумак кард

© Sputnik / Алексей Дружинин / Гузариш ба медиабонкВизит президента Эмомали Рахмона в Туркмению
Визит президента Эмомали Рахмона в Туркмению - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.02.2023
Обуна шудан
Илова бар ин кумаки роҳбари давлатро онҳое, ки бар асари офати табиӣ ҷароҳат бардоштанд низ дарёфт намуданд. Ба онҳо аз номи президент 10 000 сомонӣ дода шуд
ДУШАНБЕ, 18 фев — Sputnik. Кӯмаки пулии ирсолнамудаи Эмомалӣ Раҳмон, роҳбари давлат барои оилаҳои қурбониёну осебдидагони тармафароии маргбор, ба ВМКБ расид.
Дар ин бора дафтари матбуоти раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, Алишер Мирзонабот, раиси вилоят кумаки роҳбари давлатро шахсан худ ба хонаводаҳои қурбониён расонд ва ҳамчунин аз осебдидагон дар бемористон аёдат намуда, кумаки пулии онҳоро низ супоридааст.
Манбаъ зикр намуд, ки президент барои хонаводаи қурбониёни офати табиӣ 40 000 сомонӣ ихтисос намуда, ҳамчунин ба нафароне, ки бар асари зери тарма мондан осеб диданд 10 000 сомонӣ фиристодааст.
Последствия схода снежной лавины на городе Хорог - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.02.2023
Афзоиши теъдоди қурбониёни тарма дар Хоруғ
Зикр гардид, ки ин кумаки охири роҳбари давлат набуда, минбаъд низ сокинони осебдида ва нафароне, ки пайвандони худро дар ин ҳодисаи мудҳиш аз даст доданд, кумакҳо дарёфт хоҳанд кард.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 17 феврал аз зери тармаи калонҳаҷм дар шаҳри Хоруғ ҷасади як нафари дигар пайдо шуд.
Ҳамин тариқ, теъдоди қурбониёни тармафароиҳои рӯзҳои охир дар Тоҷикистон ба 18 нафар расид, ки 17 нафари онҳо ба ВМКБ ва 1 нафар ба Варзоб рост меояд.
Ба иттилои КҲФ, хатари тарма ва резиши санг рафъ нашудааст, роҳҳо аксаран бастаанд.
Лентаи хабарҳо
0