Кумакҳои башардӯстонаи Тоҷикистон ба ҳукумати Сурия супорида шуд

© МИД ТаджикистанаСупурдани кумаки башардӯстона аз номи Президенти Тоҷикистон ба мардуми Сурия
Супурдани кумаки башардӯстона аз номи Президенти  Тоҷикистон ба мардуми Сурия - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.02.2023
Обуна шудан
Бо ду ҳавопаймо 55 тонна кумаки башардӯстонаи Тоҷикистон ба шаҳри Димишқ расонида шуд ки он ба мардуми аз заминларза зарардидаи Сурия тақдим гардид
ДУШАНБЕ, 22 фев — Sputnik. Кумаки башардӯстона иборат аз маводди ғизоӣ, пӯшока, кати хоб, лавозимоти тиббии аввалиндараҷа ва дигар ашёи зарурӣ дар маҷмӯъ 55 тонна тариқи ду ҳавопаймо ба Димишқ расонида шуд, ки он ба мардуми аз заминларза зарардидаи Сурия тақдим мегардад, иттлоъ додааст дафтари матбуоти Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон.
Манбаъ хабар додааст, ки кумакро дар фурудгоҳи байналмилалии Димишқ муовини вазири умури маҳаллии Сурия Муътоз Дуҳайҷӣ ва комиссияи махсус иборат аз мақомоти зирабти Сурия қабул намуд.
© Мид ТаджикистанаСупурдани кумаки башардӯстона аз номи Президенти Тоҷикистон ба мардуми Сурия
Супурдани кумаки башардӯстона аз номи Президенти  Тоҷикистон ба мардуми Сурия - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.02.2023
Супурдани кумаки башардӯстона аз номи Президенти Тоҷикистон ба мардуми Сурия
ЗЗик гардидааст, ки аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон кумаки башардӯстонаро сафири Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдулло Зубайдзода расман ба ҷониби суриягӣ супорид.
Зимни нишасти матбуотӣ дар фурудгоҳи Димишқ сафири Тоҷикистон бино ба заминҷунбии шадид дар ин кишвар паёми таслияти Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ба Роҳбарият ва мардуми изҳор намуд.
“Тоҷикистон дар асоси пайванди муносибатҳои дӯстӣ бо Сурия дар ин лаҳзаҳои басо душвор дар канори мардуми зарардидаи Сурия мебошад ва кумаки имрӯза нишонаи таваҷҷуҳ ва сиёсати хайрпарваронаи Президенти Тоҷикистон мебошад”,- таъкид кард Зубайдулло Зубайдзода.
Президент Сирии Башар Асад. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.02.2023
Раҳмон ба Асад: Дар ин лаҳзаҳои сангин бо мардуми дӯсти Сурия ҳамдардем
Дар ҳамин ҳол, муовини вазири умури маҳаллии ин кишвор Муътоз Дуҳайҷӣ аз номи ҳукумат ва мардуми Сурия ба кишвардори Тоҷикистон барои чунин иқдоми саривақтӣ ва дароз намудани дасти хайру сахо дар чунин лаҳзаҳои душвор миннатдории самимӣ баён намуд.
“Ҷониби суриягӣ ҳеҷ вақт ин амали наҷиби Тоҷикистонро фаромуш нахоҳад кард ва ин иқдом муҳаббати ҳукумат ва мардуми Сурияро нисбат ба раҳбари Тоҷикистон тақвият бахшид”, - таъкид кард Муътоз Дуҳайҷӣ.
Ёдовар мешавем, ки бо супориши кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми Сурия, ки дар натиҷаи заминларза зарар дидаанд, кумакҳои башардӯстона фиристода мешуд.
Кумакҳои башардӯстона аз 55 тонна маводи зарурӣ, аз ҷумла орд, равған, биринҷ, шакар, макарон ва ҳамчунин либосу пойафзоли зимистона, рахти хоб, антисептик ва доруворӣ иборат мебошад.
Лентаи хабарҳо
0