Сафорат иштироки шаҳрвандони Тоҷикистон дар занозаниҳои оммавӣ дар шаҳри Маскавро рад кард

© Сайт посольства Таджикистана в МосквеПосольство Таджикистана в Москве, архивное фото
Посольство Таджикистана в Москве, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.02.2023
Обуна шудан
Дар яке аз қаҳвахонаҳои Маскав дар кӯчаи Люблинская бо иштироки русҳо, ва муҳоҷирон аз осиёи марказӣ занозании дастаҷамъи рух дод
ДУШАНБЕ, 21 фев — Sputnik. Расонаҳо хабар доданд, ки пулис шаҳрвандони Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистонро боздошт кардааст, ки дар ин занозании оммавӣ иштирок дошатнд.
Аммо сафорати Тоҷикистон дар Маскав маълумот дар бораи иштироки шаҳрвандони ҷумҳурӣ дар ин занозании оммавиро дар шаҳри Маскав рад кард.
“Маълумот дар бораи ширкати шаҳрвандони Тоҷикистон дар занозании оммавӣ дар як қаҳвахонаи Маскав дар кӯчаи Люблинская, ки бархе аз расонаҳои Русия хабар доданд, дуруст нест”, - таъкид кардааст Сафорати кишвар.
Сафорати Тоҷикистон аз мақомоти дахлдори Русия маълум кардааст, ки иштирокчиёни ин муноқиша шаҳрвандони Тоҷикистон набудаанд.
Посольство Республики Таджикистан в РФ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.01.2023
Сафорат: Ҷасади ҷавони тоҷике, ки дар садамае дар Саратов кушта шуд, ба Ватан интиқол ёфт
Дар занозании оммавӣ дар яке аз қаҳвахонаҳои Маскав дар кӯчаи Люблинская пулиси Русия 15 нафарро боздошт кардааст.
Тибқи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия, муноқиша бар асари хусумати шахсӣ байни иштирокчиёне, ки дар онҷо истироҳат мекарданд, оғоз шудааст.
ВУД-и Маскав хабар дод, ки муноқиша байни меҳмонони қаҳвахона на дар дохили бино, балки дар назди даромадгоҳи муассиса рух додааст.
Лентаи хабарҳо
0