Сафорат: Ҷасади ҷавони тоҷике, ки дар садамае дар Саратов кушта шуд, ба Ватан интиқол ёфт

© Sputnik Посольство Республики Таджикистан в РФ
Посольство Республики Таджикистан в РФ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.01.2023
Обуна шудан
Дар наздикии деҳаи Нов дар шоҳроҳи Ершов-Озинки вилояти Саратови Русия садамаи мудҳише рух додааст, ки бар асари он як муҳоҷири ҷавони тоҷик ҷон додааст
ДУШАНБЕ, 31 янв — Sputnik. Сафорати Тоҷикистон дар Русия эълон кардааст, ки аз ҳалокати як нафар ҷавони тоҷик, ки шаби 27 январи соли ҷорӣ дар наздикии деҳаи Нов дар шоҳроҳи Ершов-Озинки бар асари садамаи нақлиётӣ даргузашт, хабардор аст.
Сафорат хабар додааст, ки ҷасади ҷавони тоҷик тариқи шаҳри Маскав бо ҳавопаймо ба Душанбе интиқол дода шуд.
Ҳамзамон сафорат қайд кардааст, ки дар ин садамаи мудҳиш ҳамчунин як нафар ҷавони тоҷик ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштааст.
Ҳамзамон қайд карда шудааст, ки консулгарии генералии Тоҷикистон дар шаҳри Уфаи Русия барои расонидани кӯмакҳои зарурӣ ба наздикону пайвандони марҳум ва осебдидагон изҳори омодагӣ кард.
Посольство Республики Таджикистан в Москве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.01.2023
Сафорат фавти ду тоҷикистонӣ дар Иркутскро тавзеҳ дод
Зикр гардидааст, ки қазияи мазкур таҳти пайгирии Сафорат ва Консулгарии генералии Тоҷикистон дар шаҳри Уфа қарор дорад.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш сафорати Тоҷикистон дар Русия аз кушташудани чаҳор шаҳрванди Тоҷикистон бар асари садама дар вилояти Иркутски ин кишвар хабар дода буд.
Консулгарии генералии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирск ба наздикону пайвандони фавтидагон барои интиқол додани ҷасадҳо ба Ватан кумакҳои зарурӣ расонида хоҳад шуд.
Лентаи хабарҳо
0