https://sputnik.tj/20230220/erdughon-muloqot-najotdihandagoni-tojik-bahoi-baland-1055073697.html
Баҳои баланду сипоси Эрдуғон ба наҷотдиҳандагони тоҷик
Баҳои баланду сипоси Эрдуғон ба наҷотдиҳандагони тоҷик
Sputnik Тоҷикистон
Раҳбари Туркия ҳангоми боздид аз вилояти Хатой бо кору фаъолияти наҷотдиҳандагони тоҷик ошно шуд ва аз онҳо барои корашон изҳори сипос кард
2023-02-20T19:30+0500
2023-02-20T19:30+0500
2023-02-21T09:22+0500
дар тоҷикистон
кҳф
эрдуғон
туркия
заминларза
изҳори сипос
наҷотдиҳандагон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/03/1d/1047158898_0:0:2962:1666_1920x0_80_0_0_1ac77df587ae5bc228e84d2152d2882d.jpg
ДУШАНБЕ, 20 фев — Sputnik. Раисҷумҳури Туркия Раҷаб Тайип Эрдуғон ҳангоми боздидҳои худ аз минтақаҳои зилзилазадаи кишвараш ба вилояти Хатой омад ва бо кору фаъолияти наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон низ аз наздик ошно шуд.Дар ин бора дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон хабар додааст.Манбаъ хабар додааст, ки раҳбари Туркия дар суҳбат бо наҷотдиҳандагони тоҷик ба кору фаъолияти онҳо баҳои баланд додааст.Вай ба ҳукумати Тоҷикистон ва ҳамаи мардуми тоҷик, ки дар ин рӯзҳои барои Туркия мусибатовар дар паҳлуи онҳо қарор гирифтанд, кумаки башарӣ равон карданд ва имдодаронашон дар корҳои ҷустуҷӯву наҷоти офатзадагон ҳисса гузоштанд, самимона изҳори сипос кард.Раҳбари Туркия ҳамчунин изҳор дошт, ки аз ҷараёни корҳои наҷоту ҷустуҷӯ ва аз фаъолияти имдодарони ватаниву хориҷӣ огоҳии комил дорад ва дақиқа ба дақиқа пайгирӣ мекнуад.Ёдовар мешавем, ки чанде пеш генерали гарнизони ҳарбии Хатой Хакан Тутужи бо генерал-майор Сулаймон Исозода ба ҳукумати Тоҷикистон барои расонидани кумаки башардӯстона ва ҳамчунин расонидани кумакҳои фаврӣ изҳори миннатдорӣ кард.Субҳи барвақти рӯзи 6 феврал дар вилояти Қаҳрамонмараш заминларза ба шиддати 7,8 дараҷа рух дод. Дар пайи ин 30 зилзилаи сусттар ва нимаи рӯз замин боз бо қувваи 7.6 бал ларзид.Дар Туркия ҳафт рӯз мотами миллӣ эълон шуда, дар даҳ музофоте, ки аз ҳама беш хароб гардиданд, се моҳ вазъи фавқулодда ҷорӣ гардид.Тибқи маълумотҳои охир, бар асари ин офати табиӣ дар Туркия наздики 41 ҳазор нафар ба ҳалокат расид.
https://sputnik.tj/20230219/kori-najotdihandagoni-tojik-turkiya-video-1055045505.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/03/1d/1047158898_233:0:2962:2047_1920x0_80_0_0_712f1e83b4ea2779ee3407d158a58702.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, туркия, наҷотдиҳандагон, кӯмак, баҳо, сипос, эрдуғон, кҳф
тоҷикистон, туркия, наҷотдиҳандагон, кӯмак, баҳо, сипос, эрдуғон, кҳф
Баҳои баланду сипоси Эрдуғон ба наҷотдиҳандагони тоҷик
19:30 20.02.2023 (Навсозишуда: 09:22 21.02.2023) Раҳбари Туркия ҳангоми боздид аз вилояти Хатой бо кору фаъолияти наҷотдиҳандагони тоҷик ошно шуд ва аз онҳо барои корашон изҳори сипос кард
ДУШАНБЕ, 20 фев — Sputnik. Раисҷумҳури Туркия Раҷаб Тайип Эрдуғон ҳангоми боздидҳои худ аз минтақаҳои зилзилазадаи кишвараш ба вилояти Хатой омад ва бо кору фаъолияти наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон низ аз наздик ошно шуд.
Дар ин бора дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон хабар додааст.
Манбаъ хабар додааст, ки раҳбари Туркия дар суҳбат бо наҷотдиҳандагони тоҷик ба кору фаъолияти онҳо баҳои баланд додааст.
Вай ба ҳукумати Тоҷикистон ва ҳамаи мардуми тоҷик, ки дар ин рӯзҳои барои Туркия мусибатовар дар паҳлуи онҳо қарор гирифтанд, кумаки башарӣ равон карданд ва имдодаронашон дар корҳои ҷустуҷӯву наҷоти офатзадагон ҳисса гузоштанд, самимона изҳори сипос кард.
Раҳбари Туркия ҳамчунин изҳор дошт, ки аз ҷараёни корҳои наҷоту ҷустуҷӯ ва аз фаъолияти имдодарони ватаниву хориҷӣ огоҳии комил дорад ва дақиқа ба дақиқа пайгирӣ мекнуад.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш генерали гарнизони ҳарбии Хатой Хакан Тутужи бо генерал-майор Сулаймон Исозода ба ҳукумати Тоҷикистон барои расонидани кумаки башардӯстона ва ҳамчунин расонидани кумакҳои фаврӣ изҳори миннатдорӣ кард.
Субҳи барвақти рӯзи 6 феврал дар вилояти Қаҳрамонмараш заминларза ба шиддати 7,8 дараҷа рух дод. Дар пайи ин 30 зилзилаи сусттар ва нимаи рӯз замин боз бо қувваи 7.6 бал ларзид.
Дар Туркия ҳафт рӯз мотами миллӣ эълон шуда, дар даҳ музофоте, ки аз ҳама беш хароб гардиданд, се моҳ вазъи фавқулодда ҷорӣ гардид.
Тибқи маълумотҳои охир, бар асари ин офати табиӣ дар Туркия наздики 41 ҳазор нафар ба ҳалокат расид.