Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Киев дар Снигиревка иғвои навбатӣ омода дорад

© AP / Rodrigo AbdВоенные ВСУ в Буче с флагами Украины
Военные ВСУ в Буче с флагами Украины - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.02.2023
Обуна шудан
Раиси маъмурияти русии Снигиревка мегӯяд, Киев қасд дорад, сокинони ин минтақаро, аз дасти нерӯҳои украинӣ кушта шуданд, ҳамчун қурбониҳои артиши Русия эълон кунад
ДУШАНБЕ, 18 фев – Sputnik. Режими Киев дар Снигиревка, ки таҳти назораташ қарор дорад, ба як иғво омода карда, қасд дорад, ғайринизомиёнро, ки бар асари тирпарронии Украина кушта шудаанд, ҳамчун қурбонии нерӯҳои мусаллаҳи Русия муаррифӣ кунад.
Дар ин бора ба "РИА Новости"Юрий Барбашов, раиси маъмурияти русии ноҳияи Снигиреви вилояти Херсон хабар дод.
"Айни замон васоити ахбори оммаи Украина маъракаи бадном кардани қувваҳои мусаллаҳи Русияро оғоз кардаанд. Аз ҷумла, сокинони осоиштаи шаҳри Снигиревка, ки бар асари тирпарронии нерӯҳои мусаллаҳи Украина ҷон бохтанд, ҳамчун қурбонии ҳамлаҳои террористӣ эълн кунад", - афзуд ӯ.
Ба таъкиди Барбашов, сабаби ин мусоҳиба бо додситони вилояти Николаев буд, ки дар он ӯ дар бораи аз қабр берун кардани 27 ҷасади ғайринизомиён, ки ҳангоми таҳти назорати артиши Русия қарор доштани шаҳр ба ҳалокат расидаанд.
Дар идома ӯ гуфт, давоми ҳашт моҳе, ки Снигиревка таҳти назорати низомиёни Русия буд, мақомоти нав тақрибан ҳар ҳафта хабар медоданд, ки ин шаҳр зери тирборони бесарусомони нерӯҳои мусаллаҳи Украина қарор дорад.
"Артиши Украина қасдан ва ҳадафмандона сокинони Снигиревкаро куштааст ва ҳоло онҳо талош доранд, ки қурбониёни ин ҳамлаҳоро ҳамчун қурбонии артиши Русия муаррифӣ кунанд. Ман мехоҳам расман эълом кунам, ки ҳамаи онҳое, ки бо гумони ҳамкорӣ бо нерӯҳои мусаллаҳи Украина боздошт гардиданд, сиҳату саломат озод карда шуданд ва инро ҳам мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Украина ва ҳам сокинони маҳаллӣ хуб медонанд”, - тавзеҳ дод Барбашов.
Подготовка к совместным учениям вооруженных сил России и Белоруссии Запад-2017 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.02.2023
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Кумандони “Вагнер”: Киев тақрибан тамоми халабонҳои низомиашро аз даст додааст
Ӯ қаблан дар бораи вазъи ин минтақа хабар дода гуфт, Киев алайҳи афроде, ки дар тақсими кумакҳои башардӯстонаи Русия ба сокинон ва ҳамчунин пардохти кумакҳои иҷтимоӣ парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.
Илова бар ин, ба таъкиди ӯ Украина сокинони Снигиревка, ки аз Русия кумаки башардӯстона дарёфт кардаанд, саркӯб мекунад ва манзилҳои онҳо бо аломатҳои махсус сабт намудааст.
Баъди ҳамапурсӣ дар бораи вуруди вилояти Херсон ба Русия, ноҳияи Снигиревский аз вилояти Николаеви ​​Украина ба ин минтақа пайваст. Пас аз хурӯҷи низомиёни рус аз соҳили рости Днепр дар вилояти Херсон ва кӯчонидани бахши қобили мулоҳизаи мардуми осоишта аз онҷо, Снигиревка аз сӯи нерӯҳои мусаллаҳи Украина ишғол шуд.
Лентаи хабарҳо
0