https://sputnik.tj/20230220/tojikiston-jumla-peshsafon-muhojiron-rusiya-1055067267.html
Тоҷикистониҳо аз ҷумлаи пешсафон миёни муҳоҷирони меҳнатӣ дар Русия шудаанд
Тоҷикистониҳо аз ҷумлаи пешсафон миёни муҳоҷирони меҳнатӣ дар Русия шудаанд
Sputnik Тоҷикистон
Рӯйхати кишварҳои пешқадам маълум шуд, ки шаҳрвандони онҳо дар соли 2022 нисбатан бештар барои муҳоҷирати меҳнатӣ Русияро интихоб кардаанд
2023-02-20T16:25+0500
2023-02-20T16:25+0500
2023-02-20T16:25+0500
дар русия
муҳоҷират
тоҷикон
ӯзбекон
тоҷикон
теъдод
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/1d/1044488750_0:93:2783:1658_1920x0_80_0_0_f167ca176e9561080640b6e30411a31c.jpg
ДУШАНБЕ, 20 фев — Sputnik. Шаҳрвандони Тоҷикистон дар байни ҳамаи муҳоҷирони кории ба Русия омада аз ҷумлаи пешсафон шудаанд. Дар соли 2022 наздики 987 ҳазор муҳоҷири тоҷикистонӣ ба шаҳру навоҳии Русия барои кор омадаанд, иттилоъ дод хадамоти таҳлилии шабакаи аудит ва консалтингии "Finexpertiza". Ба ин тартиб, ба гуфтаи коршиносон, дар миёни ҳамаи хориҷиёне, ки барои кор ба Русия омадаанд, зодагони Тоҷикистон беш аз чоряки шумори умумии муҳоҷирон – зиёда аз 28% -ро ташкил медиҳанд. Ҳамчунин дар феҳрасти 3 кишвари пешсаф, ки сокинонаш барои кор ба Русия мераванд, Ӯзбекистон ва Қирғизистон қарор доштаанд. Илова бар ин, ҳиссаи назаррас ба Арманистон, Қазоқистон ва Озарбойҷон рост меояд. Дар ҳамин ҳол, аксари онҳое, ки ба Федератсияи Русия ворид шудаанд, шаҳрвандии Ӯзбекистонро доштанд. Шаҳрвандони Ӯзбекистон наздики 42% аз шумораи умумии хориҷиён ё 1,45 млн нафарро ташкил додаанд, афзуд манбаъ. Дар ҷои сеюм муҳоҷирон аз Қирғизистон - беш аз 16 % ё наздики 563 ҳазор нафар қарор гирифтанд. Дар маҷмӯъ, шумори хориҷиёне, ки дар соли 2022 барои кор ба қаламрави Федератсияи Русия омадаанд, дар соли гузашта 3,47 млн нафарро ташкил додааст. Ин рақам дар муқоиса бо соли 2021 сеяк бештар аст. Ёдовар мешавем, ки соли 2020, вақте ки пандемияи коронавирус ба авҷи авҷи худ расид, вуруди коргарони хориҷӣ ба 1,1 миллион нафар коҳиш ёфта буд.
https://sputnik.tj/20230220/muhojiron-mehnati-mintaqa-rusiya-1055050231.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/1d/1044488750_204:0:2783:1934_1920x0_80_0_0_a5f16f7d60431838d1f44a9b99d0c2f0.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, кор, русия, муҳоҷират
тоҷикистон, кор, русия, муҳоҷират
Тоҷикистониҳо аз ҷумлаи пешсафон миёни муҳоҷирони меҳнатӣ дар Русия шудаанд
Рӯйхати кишварҳои пешқадам маълум шуд, ки шаҳрвандони онҳо дар соли 2022 нисбатан бештар барои муҳоҷирати меҳнатӣ Русияро интихоб кардаанд
ДУШАНБЕ, 20 фев — Sputnik. Шаҳрвандони Тоҷикистон дар байни ҳамаи муҳоҷирони кории ба Русия омада аз ҷумлаи пешсафон шудаанд.
Дар соли 2022 наздики 987 ҳазор муҳоҷири тоҷикистонӣ ба шаҳру навоҳии Русия барои кор омадаанд, иттилоъ дод хадамоти таҳлилии шабакаи аудит ва консалтингии "Finexpertiza".
Ба ин тартиб, ба гуфтаи коршиносон, дар миёни ҳамаи хориҷиёне, ки барои кор ба Русия омадаанд, зодагони Тоҷикистон беш аз чоряки шумори умумии муҳоҷирон – зиёда аз 28% -ро ташкил медиҳанд.
Ҳамчунин дар феҳрасти 3 кишвари пешсаф, ки сокинонаш барои кор ба Русия мераванд, Ӯзбекистон ва Қирғизистон қарор доштаанд. Илова бар ин, ҳиссаи назаррас ба Арманистон, Қазоқистон ва Озарбойҷон рост меояд.
Дар ҳамин ҳол, аксари онҳое, ки ба Федератсияи Русия ворид шудаанд, шаҳрвандии Ӯзбекистонро доштанд. Шаҳрвандони Ӯзбекистон наздики 42% аз шумораи умумии хориҷиён ё 1,45 млн нафарро ташкил додаанд, афзуд манбаъ.
Дар ҷои сеюм муҳоҷирон аз Қирғизистон - беш аз 16 % ё наздики 563 ҳазор нафар қарор гирифтанд.
Дар маҷмӯъ, шумори хориҷиёне, ки дар соли 2022 барои кор ба қаламрави Федератсияи Русия омадаанд, дар соли гузашта 3,47 млн нафарро ташкил додааст. Ин рақам дар муқоиса бо соли 2021 сеяк бештар аст.
Ёдовар мешавем, ки соли 2020, вақте ки пандемияи коронавирус ба авҷи авҷи худ расид, вуруди коргарони хориҷӣ ба 1,1 миллион нафар коҳиш ёфта буд.