Оғози кори комиссияи вижаи санҷиши сохтмонҳо дар Тоҷикистон

© Sputnik / Алексей ФилипповРабочие на строительстве жилого комплекса "Бригантина" в Долгопрудном, архивное фото
Рабочие на строительстве жилого комплекса Бригантина в Долгопрудном, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.02.2023
Обуна шудан
Комиссияи вижа дар Тоҷикистон дар пайи он таъсис дода шуд, ки заминларзаи харобиовар дар Туркия ҳазорҳо биноҳоро харобу даҳҳо ҳазор нафарро кушт
ДУШАНБЕ, 20 фев — Sputnik. Комиссияи вижа дар Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди ҳукумати Тоҷикистон ба фаъолият оғоз кардааст.
Мақсади таъсиси комиссия санҷиши мустаҳкамии биноҳо ва сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар мебошад, иттилоъ дод "Ховар" бо такя ба Кумитаи меъморӣ ва сохтмон.
"Зимни ҷаласаи якуми комиссияи кории Кумитаи меъморӣ ва сохтмон оид ба санҷиши мустаҳкамии биноҳо ва сохтмони ба заминларза тобовар марҳилаи аввали фаъолияти гурӯҳҳои корӣ баррасӣ карда шуд", - омадааст дар иттилоия.
Назорати сифати сохтмон ва вустъати корҳои ободонӣ аз ҷумлаи дасурҳои раисҷмуҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи васеи ҳукумат арзёбӣ гардидаст.
Таваҷҷуҳ ба ин мавзуъ махсусан дар пайи заминларзаи фоҷиабори 6 феврал дар Туркия, ки даҳҳо ҳазор куштаю маҷруҳ барҷой гузошт, афзоиш ёфтааст.
 Строительство стадиона в честь 30-летия Государственной независимости республики Таджикистан в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.02.2023
Ошкори 4800 камбудӣ дар бахши сохтмон
Биноҳои баландошёнае, ки дар шаҳри Душанбе сохта шудаанд ё сохта мешаванд, бояд ба заминларзаи 8,5-9 балӣ тобовар бошанд, изҳор дошта буд, ахиран раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон Низом Мирзозода.
Ба гуфтаи вай, барои бунёди иншоот дар ҷумҳурӣ вобаста ба минтақа бо назардошти фаъолияти сейсмикии маҳаллӣ иҷозат дода мешавад.
Таъкид гардид, ки Кумита барои санҷидани мустаҳкамии таҳкурсии иншоотҳои сохташаванда озмоишгоҳи вижа ташкил хоҳад кард ва ин гуна санҷишҳо ҳатмӣ хоҳанд шуд.
Лентаи хабарҳо
0