https://sputnik.tj/20230220/khorugh-hayot-muqarrari-1055062940.html
Раиси Хоруғ: шаҳр ба ҳаёти муқаррарӣ баргашт
Раиси Хоруғ: шаҳр ба ҳаёти муқаррарӣ баргашт
Sputnik Тоҷикистон
Маркази ВМКБ, ки пас аз барфрезиҳои шадид ва тармафароии маргбор бадтарин рӯзҳоро паси сар кард ва ҳамакнун ба ҳаёти муқаррарӣ баргашт
2023-02-20T15:15+0500
2023-02-20T15:15+0500
2023-02-20T15:15+0500
дар тоҷикистон
барф
ҳаво
хоруғ
иҷтимоъ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0b/09/1043361001_0:331:1440:1141_1920x0_80_0_0_d1d2d0ccec161a3b11df0385d2699f45.jpg
ДУШАНБЕ, 20 фев — Sputnik. Дари мактабу боғчаҳо дар шаҳри Хоруғ ба рӯи кӯдакону хонандагон боз шуд, иттилоъ дод шаҳрдор Ризо Назарзода. Ба гуфтаи раиси шаҳр, Хоруғ ба ҳаёти муқаррарӣ баргашта, бозору ташкилоту идораҳо ба фаъолият муқаррарӣ пардохтаанд. Маркази ВМКБ барфрезиҳои шадид ва тармафароии маргборро паси сар кард, ки даҳҳо куштаю маҷруҳ барҷой гузошта, хонаҳою инфрасохторро дар шаҳр тахриб намуд. Ин дар ҳолест, ки сарвазири Тоҷикистон, Қоҳир Расулзода дар садри як ҳайати ҳукумати вориди шаҳри Хоруғ шуд. Гуфта мешавад, ки сафар бо дастури раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифтааст.Ба ҳайат дар баробари Қоҳир Расулзода, инчунин намояндаи ҳукумати Тоҷикистон дар ВМКБ - котиби Шӯрои амнияти кишвар Маҳмудзода Насрулло, намояндаи ҳукумат дар шаҳри Хоруғ - вазири саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ Шералӣ Кабир ва дигар шахсони расмӣ ворид мебошанд.Ҳадафи сафар шиносоӣ бо рафти бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ дар шаҳри Хоруғ арзёбӣ гардидааст.Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон ҳавои сарду бориши барфро дар ҷумҳурӣ то 19-уми феврали соли равон пешбинӣ карда, афзудааст, ки хатари лағзиши тармаву регу санг ҳамоно боқӣ мемонад.Аз аҳолӣ даъват шудаст, ки аз сафарҳои безарурат ба минтақаҳои тармахез, шикор, моҳидорӣ, ғунучини ҳезум худдорӣ кунанду ронандаҳои қоидаҳои ҳаракатро қатъиян риоя намоянд.
https://sputnik.tj/20230220/harakat-shimol-tojikiston-markaz-kishvar-1055054870.html
хоруғ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0b/09/1043361001_0:116:1440:1196_1920x0_80_0_0_7b140ce610f1115f0cfc255a32ef7fc6.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
бозгашт, ҳаёт, шаҳр, муқаррарӣ
бозгашт, ҳаёт, шаҳр, муқаррарӣ
Раиси Хоруғ: шаҳр ба ҳаёти муқаррарӣ баргашт
Маркази ВМКБ, ки пас аз барфрезиҳои шадид ва тармафароии маргбор бадтарин рӯзҳоро паси сар кард ва ҳамакнун ба ҳаёти муқаррарӣ баргашт
ДУШАНБЕ, 20 фев — Sputnik. Дари мактабу боғчаҳо дар шаҳри Хоруғ ба рӯи кӯдакону хонандагон боз шуд, иттилоъ дод шаҳрдор Ризо Назарзода.
Ба гуфтаи раиси шаҳр, Хоруғ ба ҳаёти муқаррарӣ баргашта, бозору ташкилоту идораҳо ба фаъолият муқаррарӣ пардохтаанд.
Маркази ВМКБ барфрезиҳои шадид ва тармафароии маргборро паси сар кард, ки даҳҳо куштаю маҷруҳ барҷой гузошта, хонаҳою инфрасохторро дар шаҳр тахриб намуд.
Ин дар ҳолест, ки сарвазири Тоҷикистон, Қоҳир Расулзода дар садри як ҳайати ҳукумати вориди шаҳри Хоруғ шуд. Гуфта мешавад, ки сафар бо дастури раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифтааст.
Ба ҳайат дар баробари Қоҳир Расулзода, инчунин намояндаи ҳукумати Тоҷикистон дар ВМКБ - котиби Шӯрои амнияти кишвар Маҳмудзода Насрулло, намояндаи ҳукумат дар шаҳри Хоруғ - вазири саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ Шералӣ Кабир ва дигар шахсони расмӣ ворид мебошанд.
Ҳадафи сафар шиносоӣ бо рафти бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ дар шаҳри Хоруғ арзёбӣ гардидааст.
Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон ҳавои сарду бориши барфро дар ҷумҳурӣ то 19-уми феврали соли равон пешбинӣ карда, афзудааст, ки хатари лағзиши тармаву регу санг ҳамоно боқӣ мемонад.
Аз аҳолӣ даъват шудаст, ки аз сафарҳои безарурат ба минтақаҳои тармахез, шикор, моҳидорӣ, ғунучини ҳезум худдорӣ кунанду ронандаҳои қоидаҳои ҳаракатро қатъиян риоя намоянд.