Ҳаракат миёни шимоли Тоҷикистону маркази кишвар аз сар гирифта шуд

© IRSРасчистка дороги Душанбе - Чанак
Расчистка дороги Душанбе - Чанак - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.02.2023
Обуна шудан
Ҳаракат аз тариқи роҳи пулакии Душанбе - Чаноқ, ки ягона роҳи пайвандгари шимоли Тоҷикистон бо маркази кишвар мебошад, дигарбора иҷозат дода шуд
ДУШАНБЕ, 20 фев — Sputnik. Паёмади тармафароии рӯзҳои охир дар роҳи Душанбе - Чаноқ бартараф гардида, ҳаракати нақлиёт тавассути ин масир пурра аз сар гирифта шуд.
Дар ин бора ширкати роҳбони "Innovative Road Solutions", ки ба нигоҳдорӣ ва ҷамъоварии маблағ дар ин масир машғул аст, хабар дод.
IRS аз ронандагон хостааст, ки қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя карда, эҳтироми ҳамдигарро ба ҷо оранд.
Маврид ба зикр аст, ки чанд соат қабл бо мақсади пурра бартараф намудани паёмадҳои тармафароӣ ҳаракати тамоми намуди нақлиёт дар роҳи Душанбе - Чаноқ муваққатан маҳдуд шуда буд.
Лавина на трассе Душанбе - Чанак - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.02.2023
Идомаи тармафароиҳои харобиовар дар Бартангу Дарвоз
Ҳаракат дар роҳи мазкур баъди чанд рӯзи масдудият 19 феврал аз сар гирифта шуд. Масъулин нахуст ҳаракати яксамта, сипас танҳо барои худравҳои сабукрав ва дар ниҳоят барои ҳамаи намуди нақлиёт иҷозати ҳаракат доданд.
Рӯзҳои охир навоҳии куҳии Тоҷикистон, аз ҷумла ВМКБ-ро барфрезию тармафароиҳои шадид фаро гирифтанд.
Ҳавошиносон мегӯянд, хатари фаромадани тармаю сангрезиҳо дар навоҳии куҳии Тоҷикистон то 21 феврал боқӣ мемонад. То ҳол даҳҳо тарма ба қайд гирифта шудаанд, ки бисёре аз навоҳии ВМКБ-ро дар инзивоъ қарор доданд.
Барқ дар бархе аз минтақаҳои ВМКБ қатъ шуда, алоқаи мобилӣ низ дар бархе аз минтақаҳои вилоят дастнорас мебошад.
Лентаи хабарҳо
0