Афзоиши мизони худкушию ҷиноят миёни ноболиғон дар Суғд

© Sputnik / Стас ЭтвешАвтомобиль полиции, архивное фото
Автомобиль полиции, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.02.2023
Обуна шудан
Дар шимоли Тоҷикистон давоми як сол мизони худкушӣ ва содиршавии ҷиноят миёни муҳассилини макотиб ба таври қобили мулоҳиза афзоиш ёфтааст
ДУШАНБЕ, 9 фев — Sputnik. Мақомоти Суғд аз афзоиши мизони худкушӣ ва сӯиқасд ба ҷони худ миёни ноболиғон дар минтақа изҳори нигаронӣ доранд.
Мадина Набизода, сардори Раёсати маорифи Суғд зимни нишасти хабарияш гуфт, ки давоми соли 2022 дар шимоли кишвар 29 чунин ҳодисаи ба қайд гирифта шудааст, ки 5 ҳолат нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ зиёд аст.
Набизода гуфт, ки дар ин давра ҳамчунин 116 ноболиғ дар сатҳи вилоят даст ба ҷиноят задааст.
Ин нишондиҳанда, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли қаблияш 23 ҳолат афзудааст.
Таблетки, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.08.2022
Дар Тоҷикистон бештар занони вилояти Суғд худкушӣ мекунанд. Чаро?
Гуфта мешавад, ки таркиби ҷиноятҳои содиркардаи хонандагони мактабҳо аз тасарруфи молу амвол, бе ҳуҷҷат ронандагӣ намудан, майдаавбошӣ ва вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ иборат аст.
Дар ҳамин ҳол дар ҷануби кишвар, вилояти Хатлон бошад, худкушӣ каму вале ҷиноят миёни ноболиғон афзудааст.
Ба гуфти сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон Ғазалшо Сафарзода, соли 2022 дар байни хонандагони мактабҳои вилояти Хатлон 36 ҳодисаи худкушӣ ва 225 ҳолати содиршавии ҷиноят ба қайд гирифта шудааст,
“18 писар ва 18 духтар дар соли 2022-юм даст ба худкушӣ задаанд, ки омилҳои худкушии онҳо муноқишаҳои оилавӣ ва бемории руҳӣ аст”, - гуфт сардори Раёсат.
Вай илова кард, ки худкушӣ дар ноҳияҳои Ҷалолиддини Балхӣ, Дӯстӣ, Данғара, Вахш ва Қубодиён ба қайд гирифта шудааст.
Лентаи хабарҳо
0