Ҳалокати се узви як хонавода аз дуди ангишт дар Исфара

© пресс-центр МВД ПМРМашина скорой помощи у Тирасполе
Машина скорой помощи у Тирасполе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.02.2023
Обуна шудан
Дуди ангишт сабаби ба ҳалокат расидани се кӯдаки узви як оила ва бистари шудани модари ин хонавода дар шаҳри Исфара шудааст
ДУШАНБЕ, 20 фев – Sputnik. Бар асари заҳролудшавӣ аз дуди ангишт се кӯдаки узви як оила, дар шаҳри Исфара вафот кардаанд. Модари ин хонавода дар Шифохона бистарӣ аст.
Манобеъ аз ҷамоати Зумрад ва ҳам Шифохонаи шаҳри Исфара ин хабарро таъйид карданд.
Як манбаъ дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки ин ҳодисаи мудҳиш шоми 19 ба 20 уми феврал дар манзили истиқоматӣ дар ҷамоати Зумрад рухдода се узви як оила, Яҳяхӯҷаева Марямхон хонандаи синфи 4 мактаби №30, бародараш Яҳёхӯҷаев Муҳаммадюсуф, хонандаи синфи 6 и Литсейи Исфара ва як кӯдаки 6 – сола, сокинони маҳаллаи Тӯхтақули шаҳри Исфара ба ҳалокат расидаанд.
“Мутаасифона аз дуди ангишт заҳролуд шуда ба ҳалокат расидаанд” - гуфт, манбаъ аз Шифохонаи Исфара.
Заместитель мэра Исфары Субхиддин Джуразода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.02.2023
Тағйирот дар мақомоти Исфара: Муовини нави шаҳрдор таъйин шуд
Бино ба иттилоъи дарёфтӣ модари хонавода ҳам дар ҳодисаи дирӯз заҳролу шуда, ҳоло дар шуъбаи эҳёи Шифохонаи марказии Исфара бистарӣ аст.
Табибон вазъи саломатии ӯро вазнин арзёбӣ карда, изҳори умедворӣ намуданд, ки шифо ёбад.
Лентаи хабарҳо
0