https://sputnik.tj/20230211/taghyirot-maqomot-isfara-muovini-shahrdor-tayin-1054845509.html
Тағйирот дар мақомоти Исфара: Муовини нави шаҳрдор таъйин шуд
Тағйирот дар мақомоти Исфара: Муовини нави шаҳрдор таъйин шуд
Sputnik Тоҷикистон
Хатмкунандаи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, тиҷорат ва сиёсати Тоҷикистон дар Хуҷанд, ки таҷрибаи корӣ дар мақомоти шаҳр дошт, муовини шаҳрдори Исфара таъйин шуд
2023-02-11T09:32+0500
2023-02-11T09:32+0500
2023-02-11T13:51+0500
дар тоҷикистон
тағйироти кадрӣ
исфара
муовин
вазифа
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/02/0a/1054844765_0:0:1080:608_1920x0_80_0_0_6d1f3bd26b6abd6a2ed49edfa80cc650.jpg
ДУШАНБЕ, 11 фев — Sputnik. Муовини нави раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода таъйин шуд.Ба вазифаи муовини раиси шаҳри Исфара Субҳиддин Ҷӯразода таъйин шуд. Дар ин бора ба Sputnik Тоҷикистон котиби матбуотии раиси шаҳр Зубайдулло Шомадов хабар дод.Гуфта шудааст, ки таъйини оқои Ҷӯразода бо раисиҷумҳури кишвар Эмомалӣ Раҳмон мувофиқа шудааст. Зимни муаррифиаш ӯ дар бораи вазифа ва масъулияти корманди давлат ва саҳми худи ӯ дар рушди соҳаҳои таҳти роҳбарии муовини раис изҳори назар кард.Субҳиддин Ҷӯразода 5 апрели соли 1982 дар шаҳри Исфара таваллуд шудааст. Хатмкардаи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, тиҷорат ва сиёсати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд мебошад. Ихтисосаш ҳуқуқшинос аст.Соли 2008 ба ҳайси мутахассиси шуъбаи хизматрасонии иҷтимоӣ, фарҳанг ва робита бо ҷомеаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара ба кор шурӯъ кардааст.Баъдтар ба вазифаи сармутахассиси ин шуъба гузашт. Солҳои 2015-2017 дар вазифаи мудири бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ кор кардааст.Солҳои 2017-2018 мудири шуъбаи кор бо кадрҳои дастгоҳи раис, соли 2018 мудири дастгоҳи раиси шаҳри Исфара таъин гардид. Аз соли 2018 то таъйин ба вазифаи наваш дар вазифаи муовини директори ҶСК “Осоишгоҳи Зумрад” кор кардааст.
https://sputnik.tj/20221230/tayinoti-kadrii-soli-nav-mastchoh-sharifov-vazifa-1053947095.html
исфара
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/02/0a/1054844765_120:0:1080:720_1920x0_80_0_0_792b931806bd7ff4f81c522c7377b514.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, тағйирот, мақомот, муовини раиси шаҳр, исфара, таъйин, таъйиноти кадрӣ
тоҷикистон, тағйирот, мақомот, муовини раиси шаҳр, исфара, таъйин, таъйиноти кадрӣ
Тағйирот дар мақомоти Исфара: Муовини нави шаҳрдор таъйин шуд
09:32 11.02.2023 (Навсозишуда: 13:51 11.02.2023) Хатмкунандаи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, тиҷорат ва сиёсати Тоҷикистон дар Хуҷанд, ки таҷрибаи корӣ дар мақомоти шаҳр дошт, муовини шаҳрдори Исфара таъйин шуд
ДУШАНБЕ, 11 фев — Sputnik. Муовини нави раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода таъйин шуд.
Ба вазифаи муовини раиси шаҳри Исфара Субҳиддин Ҷӯразода таъйин шуд. Дар ин бора ба Sputnik Тоҷикистон котиби матбуотии раиси шаҳр Зубайдулло Шомадов хабар дод.
Гуфта шудааст, ки таъйини оқои Ҷӯразода бо раисиҷумҳури кишвар Эмомалӣ Раҳмон мувофиқа шудааст. Зимни муаррифиаш ӯ дар бораи вазифа ва масъулияти корманди давлат ва саҳми худи ӯ дар рушди соҳаҳои таҳти роҳбарии муовини раис изҳори назар кард.
Субҳиддин Ҷӯразода 5 апрели соли 1982 дар шаҳри Исфара таваллуд шудааст. Хатмкардаи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, тиҷорат ва сиёсати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд мебошад. Ихтисосаш ҳуқуқшинос аст.
Соли 2008 ба ҳайси мутахассиси шуъбаи хизматрасонии иҷтимоӣ, фарҳанг ва робита бо ҷомеаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара ба кор шурӯъ кардааст.
Баъдтар ба вазифаи сармутахассиси ин шуъба гузашт. Солҳои 2015-2017 дар вазифаи мудири бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ кор кардааст.
Солҳои 2017-2018 мудири шуъбаи кор бо кадрҳои дастгоҳи раис, соли 2018 мудири дастгоҳи раиси шаҳри Исфара таъин гардид. Аз соли 2018 то таъйин ба вазифаи наваш дар вазифаи муовини директори ҶСК “Осоишгоҳи Зумрад” кор кардааст.