Баъди нашри аксҳои роҳи кафида: Дастури вазир барои санҷиши такрории масири Душанбе-Бохтар

© Минтранс ТаджикистанаМинистр транспорта лично инспектировал дорогу Душанбе-Бохтар
Министр транспорта лично инспектировал дорогу Душанбе-Бохтар - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.02.2023
Обуна шудан
Баъд аз нашри аксҳои роҳи харобшудаи Душанбе-Бохтар дар шабакаҳои иҷтимоӣ вазири нақлиёти кишвар шахсан аз ин масир дидан кард
ДУШАНБЕ, 20 фев — Sputnik. Гурӯҳи кории Вазорати нақлиёт бо роҳбарии вазир Азим Иброҳим аз километрҳои 12- 13 – и роҳи автомобилгарди Душанбе - Бохтар, ки дар баъзе ҷойҳо нуқсонҳо ба амал омадааст, дидан намуданд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти вазорати нақлиёти кишвар.
Тибқи иттилои манбаъ, ба гурӯҳи корӣ роҳбарият ва ҳайати муҳандисони КВД “Пажуҳишгоҳи лоиҳакашии иншооти нақлиётӣ”, Маркази татбиқи лоиҳаҳои таҷдиди роҳҳо, ҶДММ “Роҳи Абрешим” ва дигар мутасаддиён шомил ҳастанд.
Қайд карда шудааст, ки вазири нақлиёт ба роҳбарият ва муҳандисони КВД “ПЛИН” ва Маркази татбиқи лоиҳаҳои таҷдиди роҳҳо супориш дод, ки ҳар чи зуддтар сабабҳои пайдоиши нуқсонҳо, яъне кафидагиҳои рупӯши роҳоро муайян намуда, ҷиҳати бартараф кардани онҳо чораҳои зарурӣ андешанд.
Эмомали Рахмон открыл дорогу и детский сад в районе Деваштич - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.10.2021
Ифтитоҳи роҳи мошингарди Душанбе — Бохтар аз сӯйи Раҳмон
Зикр гардидааст, ки ҳангоми санҷиш инчунин иттилоъ дода шуд, ки қад - қади роҳи мазкур ҷойи шустушуи мошинҳо ташкил шудааст, ҳамчунин каналҳо то ҷои обпартои роҳ омада, онро пур мекунанд, ки ин боиси нам гирифтан вайрон гардидани роҳҳо мегардад.
Азим Иброҳим масъулинро вазифадор кард, ки дар якҷоягӣ бо паймонкорон ва мақомоти маҳалӣ дар тамоми масири роҳи навсохташуда бори дигар санҷиш гузаронда, сабаби пайдоиши нуқсонҳоро аниқ муайян ва ба таври хаттӣ пешниҳод намуда, камбудиҳоро то камиссия давлатии қабул пурра бартараф созанд.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш дар шабакаҳои иҷтимоии аксҳои роҳи харобшудаи Душанбе-Бохтар нашр шуд, ки боиси баҳси зиёде миёни мардум шуд.
Лентаи хабарҳо
0