Мақомоти Хатлон аз даромади буҷа ва афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ хабар дод

© Sputnik / Стас ЭтвешЭкономический рост , архивное фото
Экономический рост , архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.12.2022
Обуна шудан
Мақомоти вилояти Хатлон хабар додааст, ки қисми даромади буҷет бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 102,5% таъмин гардидааст
ДУШАНБЕ, 26 дек — Sputnik. Нақшаи қисми даромади буҷет бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 102,5% таъмин гардида, ба буҷети вилоят як миллиарду 868,9 миллион сомонӣ ворид гардид, иттилоъ додааст мақомоти Хатлон.
Тибқи иттилои мақомоти Хатлон, аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо дар вилотт 53 ҳазору 958 ҷойи нави корӣ ва барқароршуда ташкил гардид.
Ҳамзамон, ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ёздаҳ моҳи соли ҷорӣ ба 23,9 миллиард сомонӣ расонида шуда, дар муқоиса нисбати ҳамин давраи соли гузашта 6,6% ё баробари 1,5 миллиард сомонӣ афзоиш ёфт.
Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.12.2022
Иҷро ва тасдиқи буҷаи соли оянда: Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон ҷамъ меояд
Дар ҳамин ҳол ба иттилои манбаъ, дар ин давра ҳиссаи вилояти Хатлон дар рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон сол ба сол тамоюли афзоишро касб намуда аст.
Мақомоти Хатлон қайд кардааст, ки давоми соли 2022 дар миқёси мамлакат 24,9 фоизи ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, 53,1 фоизи ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла 63,9 фоизи истеҳсоли ғалладонагиҳо, 61,3 фоизи сабзавот, 67,5 фоизи пахта, 80,3 фоизи полезиҳо, 47,3 фоизи мева, 44,4 фоизи ангур, 57,9 фоизи гӯшт, 75,5 фоизи гӯшти моҳӣ, 50,9 фоизи шир, 25,5 фоизи асал, 41,9 фоизи саршумори чорвои калон, 41 фоизи чорвои майдаи ҷумҳурӣ ба вилояти Хатлон рост меояд.
Лентаи хабарҳо
0