https://sputnik.tj/20230220/bashor-asad-emomali-rahmon-siposguzori-1055075451.html
Башор Асад аз Эмомалӣ Раҳмон сипосгузорӣ кард
Башор Асад аз Эмомалӣ Раҳмон сипосгузорӣ кард
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Сурия Башор Асад ба кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои ҳамдардӣ ва кумакҳои башардӯстона изҳори сипос намудааст
2023-02-20T20:40+0500
2023-02-20T20:40+0500
2023-02-20T20:40+0500
дар тоҷикистон
сурия
кӯмак
изҳори сипос
башор асад
эмомалӣ раҳмон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/02/14/1055075298_0:46:1200:721_1920x0_80_0_0_305a2e4004722fc3b001fcf1747712a6.jpg
ДУШАНБЕ, 20 фев — Sputnik. Раисҷумҳури Сурия Башор Асад сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Сурия Зубайдулло Зубайдзодаро ба ҳузур пазируфт. Иттилоъ додааст вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон.Зимни мулоқот паёми таслияти раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бино ба заминларзаи шадид дар ин кишвар ба раҳбари Сурия тақдим гардид.Дар навбати худ Башор Асад аз номи ҳукумат ва мардуми Сурия ба раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои ҳамдардӣ ва кумакҳои башардӯстона дар чунин лаҳзаҳои душвор изҳори сипос ва миннатдории самимӣ намуд.Ҳамзамон ҷонибҳо атрофи густариш ва аз нав тақвият додани муносибатҳои дуҷониба дар арсаҳои гуногун ва дигар мавзӯъҳои муҳимми минтақавию байналмилалӣ табодули афкор намуданд.Ёдовар мешавем, ки бо супориши кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми Сурия, ки дар натиҷаи заминларза зарар дидаанд, кумакҳои башардӯстона фиристода мешаванд.Кумакҳои башардӯстона аз 50 тонна маводи зарурӣ, аз ҷумла орд, равған, биринҷ, шакар, макарон ва ҳамчунин либосу пойафзоли зимистона, рахти хоб, антисептик ва доруворӣ иборат хоҳанд буд.
https://sputnik.tj/20230220/erdughon-muloqot-najotdihandagoni-tojik-bahoi-baland-1055073697.html
сурия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/02/14/1055075298_39:0:1200:871_1920x0_80_0_0_d613a8169d0185b8ee45e8d4b39bb193.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, сурия, кумак, эмомалӣ раҳмон, башор асад, сипос, вазорати хориҷа, сафир
тоҷикистон, сурия, кумак, эмомалӣ раҳмон, башор асад, сипос, вазорати хориҷа, сафир
Башор Асад аз Эмомалӣ Раҳмон сипосгузорӣ кард
Раисҷумҳури Сурия Башор Асад ба кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои ҳамдардӣ ва кумакҳои башардӯстона изҳори сипос намудааст
ДУШАНБЕ, 20 фев — Sputnik. Раисҷумҳури Сурия Башор Асад сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Сурия Зубайдулло Зубайдзодаро ба ҳузур пазируфт. Иттилоъ додааст вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон.
Зимни мулоқот паёми таслияти раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бино ба заминларзаи шадид дар ин кишвар ба раҳбари Сурия тақдим гардид.
Дар навбати худ Башор Асад аз номи ҳукумат ва мардуми Сурия ба раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои ҳамдардӣ ва кумакҳои башардӯстона дар чунин лаҳзаҳои душвор изҳори сипос ва миннатдории самимӣ намуд.
Ҳамзамон ҷонибҳо атрофи густариш ва аз нав тақвият додани муносибатҳои дуҷониба дар арсаҳои гуногун ва дигар мавзӯъҳои муҳимми минтақавию байналмилалӣ табодули афкор намуданд.
Ёдовар мешавем, ки бо супориши кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми Сурия, ки дар натиҷаи заминларза зарар дидаанд, кумакҳои башардӯстона фиристода мешаванд.
Кумакҳои башардӯстона аз 50 тонна маводи зарурӣ, аз ҷумла орд, равған, биринҷ, шакар, макарон ва ҳамчунин либосу пойафзоли зимистона, рахти хоб, антисептик ва доруворӣ иборат хоҳанд буд.