Наҷотбахшони тоҷик дар Туркия 33 ҷасади нав пайдо карданд

Обуна шудан
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон мегӯяд, имдодгарони кишвар дар шароити хеле душвор барои рафъи корҳои наҷот дар Қаҳрамонмаръаш фаъолият мекунанд
Наҷотдиҳандагони тоҷик амалиёти ҷустуҷӯ ва наҷот дар Туркияро босамар идома медиҳанд.
Ба иттилои КҲФ, танҳо шабонарӯзи гузашта боз 33 ҷасади дигарро аз зери харобаҳо пайдо кардаву ба мақомоти маҳаллӣ супоридаанд.
Ҷамъан, намояндагони Тоҷикистон 168 қурбониро аз зери харобаҳо берун оварданд. Илова бар ин, он се нафар, аз ҷумла ду кӯдакро наҷот доданд.
Тавсифи вазири корҳои дохилии Туркия аз кори наҷотдиҳандагони тоҷик
Ин ниҳод мегӯяд, кори имкдодгарони тоҷик дар Туркия бомаром идома дорад ва то анҷоми пурраи корҳои бартарафсозии оқибатҳои заминларзаи мудҳиш, дар Туркия мемонанд.
Бино ба охирин гузоришҳо теъдоди ҳалокшудаҳо дар ин кишвар аз 20 ҳазор нафар гузашт.
Ёдовар мешавем, ки субҳи барвақти рӯзи 6 феврал дар вилояти Қаҳрамонмараш заминларза ба шиддати 7,8 дараҷа рух дод. Дар пайи ин 30 зилзилаи сусттар ва нимаи рӯз замин боз бо қувваи 7.6 бал ларзид.
Дар Туркия ҳафт рӯз мотами миллӣ эълон шуда, дар даҳ музофоте, ки аз ҳама беш хароб гардиданд, се моҳ вазъи фавқулодда ҷорӣ гардид.
Имдодрасонии наҷотбахшони тоҷику дигар давлатҳо ба сокинони Туркия ва Сурия - видео
Зимнан, ин офати табиӣ Сурияро низ ларзонда буд. Дар он ҷо аз ҳама беш вилоятҳои Ҳалаб, Латакия, Ҳама ва Тартус осеб диданд. Ба иттилои расонаҳои ҷаҳонӣ, 3162 нафар дар Сурия ба ҳалокат расидаанд.
Маврид ба зикр аст, ки Тоҷикистон дар баробари дигар давлатҳо ба Туркия гурӯҳи наҷотбахшон ва ҳамчунин кумаки башардӯстона ирсол намуд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода хабар дод, ки бо супориши роҳбари давлат 50 имдодрас ба Туркия сафарбар шуданд ва ҳоло дар шаҳри Қаҳрамонмашар фаъолият доранд.
Лентаи хабарҳо
0