https://sputnik.tj/20230219/harakat-markaz-shimoli-tojikiston-1055042673.html
Ҳаракат миёни марказу шимоли Тоҷикистон барқарор гардид: Барои кӣ иҷозат нест?
Ҳаракат миёни марказу шимоли Тоҷикистон барқарор гардид: Барои кӣ иҷозат нест?
Sputnik Тоҷикистон
Ҳаракат дар роҳи пулакии Душанбе - Чаноқ, ки ягона роҳи пайвандгари шимоли Тоҷикистон бо маркази кишвар мебошад, дигарбора барқарор гардид
2023-02-19T13:30+0500
2023-02-19T13:30+0500
2023-02-19T13:30+0500
дар тоҷикистон
нақлиёт
душанбе
хуҷанд
ҳаракат
"инновейтив роуд солюшнз лтд" (irs)
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/02/05/1054693669_0:202:1080:810_1920x0_80_0_0_144490c66a2407a83675a73398afdf80.jpg
ДУШАНБЕ, 19 фев - Sputnik. Ҳаракат дар масири Душанбе - Хуҷанд аз ду самт барқарор гардид, иттилоъ дод ширкати роҳбони "Innovative Road Solutions". Ширкати мазкур, ки ба нигоҳдорӣ ва ҷамъоварии маблағ дар ин масир машғул аст, иттилоъ дод, ки танҳо ҳаракати нақлиёти боркаши ядакдор ва фураҳо ҳанӯз иҷозат нест. "Каме пас гузариши автомобилҳои зикршуда низ иҷозат дода мешавад",- афзуд манбаъ. Манбаъ афзуд, ки шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ рӯзҳои охир ба далели шароити бади обуҳаво масдуд буд. Маврид ба зикр аст, ки рӯзҳои охир навоҳии куҳии Тоҷикистон, аз ҷумла ВМКБ-ро барфрезии шадид фаро гирифт.Ҳавошиносон мегӯянд, хатари фаромадани тармаю сангрезиҳо дар навоҳии куҳии Тоҷикистон то 21 феврал боқӣ мемонад. То ҳол даҳҳо тарма ба қайд гирифта шудаанд, ки бисёре аз навоҳии ВМКБ-ро дар инзивоъ қарор доданд.Аз ҷумла дар қаламрави ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ, Рӯшон, Роштқалъа, Шуғнон ва Ишкошими ВМКБ 44 ҳодисаи омадани тарма сабт гардида, роҳҳои Душанбе – Дарвоз - Хоруғ, Рӯшон - Хоруғ, Хоруғ - Ишкошим, Хоруғ –Мурғоб баста мебошанд.Барқ дар бархе аз минтақаҳои ВМКБ қатъ шуда, алоқаи мобилӣ низ дар бархе аз минтақаҳои вилоят дастнорас мебошад.
https://sputnik.tj/20230218/jasad-sokin-ishkoshim-dalel-masdud-roh-khorugh-darmond-1055039283.html
душанбе
хуҷанд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/02/05/1054693669_0:0:1080:810_1920x0_80_0_0_b559f84a08203720b0188c66319fd96b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
иҷозат, ҳаракат, роҳ, душанбе, чаноқ
иҷозат, ҳаракат, роҳ, душанбе, чаноқ
Ҳаракат миёни марказу шимоли Тоҷикистон барқарор гардид: Барои кӣ иҷозат нест?
Ҳаракат дар роҳи пулакии Душанбе - Чаноқ, ки ягона роҳи пайвандгари шимоли Тоҷикистон бо маркази кишвар мебошад, дигарбора барқарор гардид
ДУШАНБЕ, 19 фев - Sputnik. Ҳаракат дар масири Душанбе - Хуҷанд аз ду самт барқарор гардид, иттилоъ дод ширкати роҳбони "Innovative Road Solutions".
Ширкати мазкур, ки ба нигоҳдорӣ ва ҷамъоварии маблағ дар ин масир машғул аст, иттилоъ дод, ки танҳо ҳаракати нақлиёти боркаши ядакдор ва фураҳо ҳанӯз иҷозат нест.
"Каме пас гузариши автомобилҳои зикршуда низ иҷозат дода мешавад",- афзуд манбаъ.
Манбаъ афзуд, ки шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ рӯзҳои охир ба далели шароити бади обуҳаво масдуд буд.
Маврид ба зикр аст, ки рӯзҳои охир навоҳии куҳии Тоҷикистон, аз ҷумла ВМКБ-ро барфрезии шадид фаро гирифт.
Ҳавошиносон мегӯянд, хатари фаромадани тармаю сангрезиҳо дар навоҳии куҳии Тоҷикистон то 21 феврал боқӣ мемонад. То ҳол даҳҳо тарма ба қайд гирифта шудаанд, ки бисёре аз навоҳии ВМКБ-ро дар инзивоъ қарор доданд.
Аз ҷумла дар қаламрави ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ, Рӯшон, Роштқалъа, Шуғнон ва Ишкошими ВМКБ 44 ҳодисаи омадани тарма сабт гардида, роҳҳои Душанбе – Дарвоз - Хоруғ, Рӯшон - Хоруғ, Хоруғ - Ишкошим, Хоруғ –Мурғоб баста мебошанд.
Барқ дар бархе аз минтақаҳои ВМКБ қатъ шуда, алоқаи мобилӣ низ дар бархе аз минтақаҳои вилоят дастнорас мебошад.