Зас: Афғонистон манбаи хатар боқӣ мондаст, аз ҷумла барои Тоҷикистон - видео

© Пресс-служба МИД РФ / Гузариш ба медиабонкГенеральный секретарь Организации Договора о коллективной безопасности Станислав Зась
Генеральный секретарь Организации Договора о коллективной безопасности Станислав Зась - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.12.2022
Обуна шудан
Дабири кулли Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ Афғонистонро чун қаблан манбаи хатар барои ҳамаи кишварҳои узви созмон арзёбӣ намуд
ДУШАНБЕ, 19 дек – Sputnik. Дар ҳоли ҳозир хатари ҳамлаи бевосита ба Тоҷикистон аз қаламрави Афғонистон ҷой надорад, аммо таҳдидҳои дигар аз ҳудуди ин кишвар мавҷуданд.
Ин нуктаро дабири кулли СААД, Станислав Зас, зимни нишасти матбуотӣ дар ҷамъбасти сол ва муайян кардани афзалиятҳо барои соли оянда баён дошт.
Вай таъкид намуд, ки кишварҳои узви созмон мавқеи якмаром доранд, ки Афғонистон манбаи хатар барои ҳамаи кишварҳо, пеш аз ҳама барои Тоҷикистон боқӣ мондаст. Ӯ тавзеҳ дод, гарчанде хатари ҳамлаи мустақим дида намешавад, масоили марбути таҳдидҳои террористию қочоқ ҷой доранд.
Ба суоли Sputnik Тоҷикистон, ки мушахасан СААД барои таҳкими ҳифзи марзҳои ҷанубӣ кадом корҳоро анҷом медиҳад, Зас таҳкими нерӯҳоеро муҳим хонд, ки ба ҳифзи марзи ҷанубии Тоҷикистон машғуланд.
Пресс-конференция Генерального секретаря Организации Договора о коллективной безопасности Станислава ЗАСЯ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.12.2022
Ҳисоботи дабири кулли СПАД аз фаъолияти созмонаш дар соли 2022 – видео
Ӯ афзуд, муҳимияти Барномаи байнидавлатӣ барои таҳкими ҳифзи минтақаҳои мураккаби марзи Тоҷикистонро зикр намуда, изҳор дошт, ки айни ҳол барои кор кардани ин барнома бархе мушкилот мавҷуданд ва чораандешиҳо дар ин самт идома доранд.
Ин дар ҳолест, ки ахиран раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон аз хатарҳои бархоста аз Афғонистон ҳушдор дода, таъкид намуд, ки тайи 2 соли охир дар марз бо ин кишвар 175 иншооти сарҳадӣ сохта ба истифода дода шудаанд.
Вай афзуд, ки феълан сохтмони 30 иншооти дигар идома дошта, лозим аст, ки дар оянда боз 300 иншооти марбута бунёд карда шаванд.
Раҳмон ҳамчунин татбиқи ташаббуси Тоҷикистон - консепсияи "камарбанди амниятӣ" дар атрофи Афғонистон ба манзури пешгирӣ ва коҳиш додани пайомадҳои хатару таҳдидҳоро таъкид намуд.
Лентаи хабарҳо
0