Афзоиши теъдоди қурбониёни тарма дар Хоруғ

© КЧС ТаджикистанаПоследствия схода снежной лавины на городе Хорог
Последствия схода снежной лавины на городе Хорог - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.02.2023
Обуна шудан
Мақомоти Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон мегӯянд, чанд тан аз сокинон дар маҳаллаи Носири Хусрави шаҳри Хоруғ зери тарма бенишон гаштаанд
ДУШАНБЕ, 17 фев — Sputnik. Дар шаҳри Хоруғ аз зери тармаи калонҳаҷм, ки рӯзи 15 феврал фаромада буд, боз як ҷасади дигар пайдо карда шуд.
Дар ин бора дафтари матбуоти ҳукумати ВМКБ хабар дода, афзуд, ҷасад баъди зуҳри 17 феврал пайдо карда шуд.
Бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ ва ҷустуҷӯи афроде, ки зери тарма бедарак шудаанд, идома дорад.
Ҳамин тариқ теъдоди қурбониёни тармафароиҳои рӯзҳои охир дар Тоҷикистон ба 18 нафар расид, ки 17 нафари онҳо ба ВМКБ ва 1 нафар ба Варзоб рост меояд.
Ба иттилои КҲФ, феълан барф дар навоҳии кӯҳиии ВМКБ ба шиддат борида, хатари тарма ва резиши санг рафъ нашудааст, роҳҳо аксаран бастаанд.
Снежная лавина - Аэропорт Хорог - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.02.2023
Фурудгоҳи Хоруғ зери барф – видео
Манбаъ афзуд, ки аз ҷумла дар қаламрави ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ, Рӯшон, Роштқалъа, Шуғнон ва Ишкошими ВМКБ 44 ҳодисаи омадани тарма сабт гардида, роҳҳои Душанбе – Дарвоз - Хоруғ, Рӯшон - Хоруғ, Хоруғ - Ишкошим, Хоруғ - Мурғоб баста мебошанд.
Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон ҳавои сарду бориши барфро дар ҷумҳурӣ то 19-уми феврали соли равон пешбинӣ карда, афзудааст, ки хатари лағзиши тармаву регу санг ҳамоно боқӣ мемонад.
Аз аҳолӣ даъват шудаст, ки аз сафарҳои безарурат ба минтақаҳои тармахез, шикор, моҳидорӣ, ғунучини ҳезум худдорӣ кунанду ронандаҳои қоидаҳои ҳаракатро қатъиян риоя намоянд.
Лентаи хабарҳо
0