Арзиши гази моеъ дар Тоҷикистон дубора баланд шуд – акс

© Sputnik Цена на сжиженный газ в Таджикистан в февраль 2023 года
Цена на сжиженный газ в Таджикистан в февраль 2023 года - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.02.2023
Обуна шудан
Эксклюзив
Қимати гази моеъ, яке аз арзонтарин навъи маводи сухт дар Тоҷикистон тайи ду рӯзи охир 15% боло шуда якбора ба 3, 9 сомонӣ дакка задааст
ДУШАНБЕ, 18 фев – Sputnik. Ин дар ҳолест, ки ду ҳафта қабл ин навъ маводи сӯхт дар шаҳру навоҳии кишвар бо нархи 3, 3 – 3, 4 сомонӣ фурухта мешуд.

Зимнан арзиши гази моеъ дар навоҳии шимоли Тоҷикистон то ба 3, 9 сомонӣ баланд шудааст.
Баъзе аз роҳбарони ширкатҳои чаканафурӯшии маводи сӯхт сабаби болоравии нархи газро дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон шарҳ доданд.

“Ба андешаи ман болоравии қурби доллар ба афзоиши нархи маводи сӯхт таъсир расонидааст”, - иброз намуд, Усмон Саидов, роҳбари яке аз ТСН дар шаҳри Хуҷанд.

Ин соҳибкор мегуяд, маводи сӯхт чандест, ки бо рубли русӣ ворид карда мешавад, аммо овозаҳо дар бораи болоравии қурби доллар ба бозори маводи сӯхт бетаъсир намондааст.
Баъзе сокиноне, ки дар бозорҳо фаъолият мекунанд дар бораи баландшавии арзиши доллар дар бозори сиёҳ хабар медиҳанд.
Ба гуфтаи манобеъ тайи ду рӯзи охир, қимати 100 доллари амрикоӣ аз 1060 сомонии рӯзҳои қаблӣ то ба 1120 сомонӣ дакка задааст. Онҳо мегуянд, болоравии қурби доллар танҳо дар бозори сиёҳ буда, вале нархи аслии он, ки бонкҳои кишвар муқаррар намудаанд аз 1060 сомонӣ бетағйир аст.
Заправка бензином автомобиля на автозаправочной станции АЗС  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.01.2023
Дар Хуҷанд нархи гази моеъ якбора поин рафт
Гази моеъ дар муқоиса ба бензин ва дизел як навъи нисбатан арзони маводи сӯхт гуфта мешавад ва ба ҳамин далел бештари худравҳо дар Тоҷикистон тавассути он ҳаракат мекунанд.
Бар асоси нархномаи ҷадиде, ки ширкатҳо мураттаб намудаанд, тағйирот танҳо дар фурӯши газ мушоҳида шуда, арзиши бензин ва сӯзишвории дизелӣ ба мисли рӯзҳои қаблӣ бетағйир аст.
Зимнан арзиши бензини АИ 92 – 7, 8 сомонӣ, АИ 95 – 8, 2 сомонӣ ва сӯзишвории дизелӣ 11, 6 ва гази моеъ 3, 9 сомонӣ аст.
Маводи сӯхт ба Тоҷикистон аз хориҷа асосан аз кишварҳои Русия ва Қазоқистон ворид карда мешавад.
Лентаи хабарҳо
0