https://sputnik.tj/20230111/khujand-narkh-gaz-moe-poin-1054130246.html
Дар Хуҷанд нархи гази моеъ якбора поин рафт
Дар Хуҷанд нархи гази моеъ якбора поин рафт
Sputnik Тоҷикистон
Нархи сӯзишворӣ барои худравҳо вобаста ба ҳаҷми воридоти солярка, газ ва бензин ба Тоҷикистон марбут мебошад, ки он ҳамчунон калаванда аст
2023-01-11T15:30+0500
2023-01-11T15:30+0500
2023-02-08T19:46+0500
дар тоҷикистон
гази моеъ
нархи қимат
арзон
иқтисод
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/1c/1040485353_0:0:3072:1728_1920x0_80_0_0_2cabe493ca2e1c9017a8b5ed1fbbdc12.jpg
ДУШАНБЕ, 11 янв — Sputnik. Нархи гази моеъ дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории вилояти Суғд поин рафт. Ба гузориши хабаргузории SugdNews, коҳиши қимати ин навъи сӯзишворӣ дар муқойиса бо як ҳафтаи қабл ҳудуди 50 дирамро ташкил додааст. Дар ҳоли ҳозир як литр газро бо қимати 4-4,1 сомонӣ харидан мумкин аст. Нархи дигар навъҳои сӯзишвории автомобилӣ бетағйир боқӣ мемонад. Бензини АИ-95 барои як литр 7,6 сомонӣ, АИ-92 8,2 сомонӣ фурӯхта мешавад. Сӯзишвории дизелӣ барои як лит 12 сомонӣ қимат дорад. Гуфта мешавад, ки дар баъзе нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ бензини навъи АИ-92 мавҷуд нест. Ёдовар мешавем, тибқи маълумоти расмӣ, дар Тоҷикистон дастикам 60 дарсади мошинҳо аз гази моеъ истифода мекунанд, ки ин ба арзон будани он нисбат ба бензину дизел вобаста аст. Тағйирёбии нархи сӯзишворӣ бо тағйирёбии ҳаҷми интиқоли он ба Тоҷикистон алоқаманд аст: ҳангоми камчинии воридоти дизел, газ ва бензин арзиши онҳо боло меравад ва баръакс – ҳангоми воридоти миқдори зиёди сӯзишворӣ ба Тоҷикистон нарх паст мешавад.
https://sputnik.tj/20230106/gaz-arzon-benzin-garon-taghyiri-qimat-sukht-tojikiston-1054016087.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/1c/1040485353_341:0:3072:2048_1920x0_80_0_0_685718bc7667793a12092086734dbd36.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
хуҷанд нарх газ моеъ қимат арзон
хуҷанд нарх газ моеъ қимат арзон
Дар Хуҷанд нархи гази моеъ якбора поин рафт
15:30 11.01.2023 (Навсозишуда: 19:46 08.02.2023) Нархи сӯзишворӣ барои худравҳо вобаста ба ҳаҷми воридоти солярка, газ ва бензин ба Тоҷикистон марбут мебошад, ки он ҳамчунон калаванда аст
ДУШАНБЕ, 11 янв — Sputnik. Нархи гази моеъ дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории вилояти Суғд поин рафт.
Ба гузориши хабаргузории SugdNews, коҳиши қимати ин навъи сӯзишворӣ дар муқойиса бо як ҳафтаи қабл ҳудуди 50 дирамро ташкил додааст.
Дар ҳоли ҳозир як литр газро бо қимати 4-4,1 сомонӣ харидан мумкин аст.
Нархи дигар навъҳои сӯзишвории автомобилӣ бетағйир боқӣ мемонад.
Бензини АИ-95 барои як литр 7,6 сомонӣ, АИ-92 8,2 сомонӣ фурӯхта мешавад. Сӯзишвории дизелӣ барои як лит 12 сомонӣ қимат дорад.
Гуфта мешавад, ки дар баъзе нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ бензини навъи АИ-92 мавҷуд нест.
Ёдовар мешавем, тибқи маълумоти расмӣ, дар Тоҷикистон дастикам 60 дарсади мошинҳо аз гази моеъ истифода мекунанд, ки ин ба арзон будани он нисбат ба бензину дизел вобаста аст.
Тағйирёбии нархи сӯзишворӣ бо тағйирёбии ҳаҷми интиқоли он ба Тоҷикистон алоқаманд аст: ҳангоми камчинии воридоти дизел, газ ва бензин арзиши онҳо боло меравад ва баръакс – ҳангоми воридоти миқдори зиёди сӯзишворӣ ба Тоҷикистон нарх паст мешавад.