https://sputnik.tj/20230217/vazir-kumak-vmkb-jalasai-shuroi-amniyat-1054998415.html
Вазир: кумак ба ВМКБ дар ҷаласаи Шӯрои амният баррасӣ шуд
Вазир: кумак ба ВМКБ дар ҷаласаи Шӯрои амният баррасӣ шуд
Sputnik Тоҷикистон
Вазири молияи Тоҷикистон аз иқдоми ҳукумати ҷумҳурӣ барои бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ дар дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон гуфт
2023-02-17T10:45+0500
2023-02-17T10:45+0500
2023-02-17T10:45+0500
дар тоҷикистон
иқтисод
вазир
молия
файзиддин қаҳҳорзода
тарма
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102890/31/1028903159_0:0:2048:1153_1920x0_80_0_0_d8213a08d3cbc6cb59c77c871bc5729c.jpg
ДУШАНБЕ, 17 фев — Sputnik. Аз масоили меҳварии ҷаласаи Шӯрои амнияти Тоҷикистон, ки ахиран таҳти раёсати президент, Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид, бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ дар ВМКБ будаанд. Дар ин бора вазири молияи Тоҷикистон, Файзиддин Қаҳҳорзода зимни нишасти матбуотӣ хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, феълан Комиссияи махсус оид ба ҳолатҳои фавқулодда таъсис ёфта, техникаи зарурӣ сафарбар карда шудааст. Вай бо изҳори таассуф аз талафоти ҷонӣ ба наздикони ҳалокшудагон баён намуд. Дар мавриди бартарафсозии оқибатҳо ва кумак ба зарардидагон, Қаҳҳорзода зикр намуд, ки дар қаламрави вилоят Агентии захираҳои моддии Тоҷикистон захираҳои муайян дорад.Инчунин масъулин аз раисҷумҳур дастур гирифтаанд, ки кумакҳои роҳбариятро ба осебдидагон расонанд. Бино ба иттилои охирин КҲФ, шумораи қурбониёни тарма дар рӯзҳои охир дар Тоҷикстон ба 17 нафар расид, ки 16 нафарашон ба Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон рост меояд. Ин ниҳод афзуд, ки аз ҷумла 13 нафар дар шаҳри Хоруғ ,2 нафар дар ноҳияи Ванҷ, 1 нафар дар ноҳияи Шуғнон як нафар дар ноҳияи Варзоб зери тарма ҷон бохтанд.Дар қаламрави ноҳияи Ишкошим 2 духтари донишҷӯ, ки ба эҳтимоли зиёд зери тарма мондаанд, мавриди ҷустуҷӯ қарор доранд.
https://sputnik.tj/20230217/zang-mirziyoev-payomi-lukashenko-rahmon-robita-1054999017.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102890/31/1028903159_106:0:1926:1365_1920x0_80_0_0_9de79c5c56553b95d8cdbcba0f680ddc.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
файзиддин қаҳҳорзода, кумак, вмкб, маълумот
файзиддин қаҳҳорзода, кумак, вмкб, маълумот
Вазир: кумак ба ВМКБ дар ҷаласаи Шӯрои амният баррасӣ шуд
Вазири молияи Тоҷикистон аз иқдоми ҳукумати ҷумҳурӣ барои бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ дар дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон гуфт
ДУШАНБЕ, 17 фев — Sputnik. Аз масоили меҳварии ҷаласаи Шӯрои амнияти Тоҷикистон, ки ахиран таҳти раёсати президент, Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид, бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ дар ВМКБ будаанд.
Дар ин бора вазири молияи Тоҷикистон, Файзиддин Қаҳҳорзода зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.
Ба гуфтаи ӯ, феълан Комиссияи махсус оид ба ҳолатҳои фавқулодда таъсис ёфта, техникаи зарурӣ сафарбар карда шудааст.
Вай бо изҳори таассуф аз талафоти ҷонӣ ба наздикони ҳалокшудагон баён намуд.
Дар мавриди бартарафсозии оқибатҳо ва кумак ба зарардидагон, Қаҳҳорзода зикр намуд, ки дар қаламрави вилоят Агентии захираҳои моддии Тоҷикистон захираҳои муайян дорад.
Инчунин масъулин аз раисҷумҳур дастур гирифтаанд, ки кумакҳои роҳбариятро ба осебдидагон расонанд.
Бино ба иттилои охирин КҲФ, шумораи қурбониёни тарма дар рӯзҳои охир дар Тоҷикстон ба 17 нафар расид, ки 16 нафарашон ба Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон рост меояд.
Ин ниҳод афзуд, ки аз ҷумла 13 нафар дар шаҳри Хоруғ ,2 нафар дар ноҳияи Ванҷ, 1 нафар дар ноҳияи Шуғнон як нафар дар ноҳияи Варзоб зери тарма ҷон бохтанд.
Дар қаламрави ноҳияи Ишкошим 2 духтари донишҷӯ, ки ба эҳтимоли зиёд зери тарма мондаанд, мавриди ҷустуҷӯ қарор доранд.