Занги Мирзиёеву паёми Лукашенко ба Раҳмон дар робита ба тармафароиҳои маргбор

© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон и Президент Узбекиситана Шавкат Мирзиёев
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон и Президент Узбекиситана Шавкат Мирзиёев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.02.2023
Обуна шудан
Паёмҳои ҳамдардӣ аз президентҳои кишварҳои минтақа ба унвони президенти Тоҷикистон дар робита ба тармаҳои маргбор дар ВМКБ ворид гардидаанд
ДУШАНБЕ, 17 фев — Sputnik. Раисҷумҳури Ӯзбекистон, Шавкат Мирзиёев ба президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон занг зада, ҳамдардияшро дар робита тармаҳои маргбор дар ВМКБ баён доштаст.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон, Мирзиёев ба наздикону пайвандони фавтидагон таслият баён намудаст.
"Дар идомаи суҳбат сарони ду давлат атрофи масъалаҳои рӯзмараи минтақавӣ, бахусус мушкилоти тағйирёбии иқлим ва роҳҳои пешгирӣ аз таъсири оқибатҳои он ба муҳити зист мубодилаи афкор анҷом доданд", - омадааст дар иттилоия.
Ҳамчунин президенти Беларус Александр Лукашенко дар иртибот ба тармаи маргбор ба ҳамтои тоҷикаш паёми таслият ирсол кардааст.
"Дар Беларус хабари талафоти одамон ва харобиҳои зиёд бар асари барфрезӣ дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистонро бо нигаронии зиёд ва ҳамдардӣ қабул карданд", - изҳор доштаст Лукашенко.
Вай аз номи худ ва мардуми Белорус ба президенти Тоҷикистон ва наздикони қурбониён тасаллияти амиқ баён намудаст. Ӯ ҳамчунин ба бартарафсозии ҳарчи зудтари оқибатҳои офати табиӣ изҳори умед кардаст.
Бино ба иттилои охирини КҲФ, шумораи қурбониёни тарма дар рӯзҳои охир дар Тоҷикстон ба 17 нафар расид, ки 16 нафарашон ба Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон рост меояд.
Президент Кыргызстана Содир Джабборов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.02.2023
Ҳамдардии президенти Қирғизистон ба наздикони ҳалокшудагон дар ВМКБ
Ин ниҳод афзуд, ки аз ҷумла 13 нафар дар шаҳри Хоруғ ,2 нафар дар ноҳияи Ванҷ, 1 нафар дар ноҳияи Шуғнон як нафар дар ноҳияи Варзоб зери тарма ҷон бохтанд.
Дар қаламрави ноҳияи Ишкошим 2 духтари донишҷӯ, ки ба эҳтимоли зиёд зери тарма мондаанд, мавриди ҷустуҷӯ қарор доранд.
Феълан дар бисёре аз қисматҳои ВМКБ роҳ баста буда, барқу алоқаи мобилӣ қисман қатъ гардидааст.
Лентаи хабарҳо
0