https://sputnik.tj/20230217/rusiya-mushkil-dushanbe-intizori-safari-mishustin-1055000550.html
Бо Русия мушкиле надорем: Душанбе интизориҳояшро аз сафари Мишустин баён дошт
Бо Русия мушкиле надорем: Душанбе интизориҳояшро аз сафари Мишустин баён дошт
Sputnik Тоҷикистон
Миёни Тоҷикистону Русия чун дар ҳар муносиботи байнидавлатӣ масоиле мавҷуданд, ки ниёз ба баррасӣ доранд, аммо мушкиле нест, ки сари он метавон таъкид кард
2023-02-17T11:15+0500
2023-02-17T11:15+0500
2023-02-27T18:59+0500
сафари михаил мишустин ба тоҷикистон - охирин хабарҳо
дар тоҷикистон
сиёсат
ҳамкорӣ
сироҷиддин муҳриддин
вазир
михаил мишустин
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/01/18/1054444241_0:362:1177:1024_1920x0_80_0_0_50f6b8ce3ed01eed41bbe0819f4aa8f5.jpg
ДУШАНБЕ, 17 фев — Sputnik. Тоҷикистон ҳамчун шарики стратегӣ бо Русия ягон мушкиле надорад, изҳор дошт вазири умури хориҷии Тоҷикистон, Сироҷиддин Муҳриддин. Ӯ зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, дар сатҳи муносиботи байнидавлатӣ ҳамеша масоили хурд, миёна ва бузурги мавриди баррасӣ мавҷуданд, ки механизмҳои худро доранд. Вай аз кори комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Русия зикр намуд, ки дар доираи он даҳҳо масоил баррасӣ мегарданд, ки бархеи онҳо фаврану баъзеи дигар бо далелу омилҳои гуногун ба таъхир гузошта мешаванд. Ҳамаи масъалаҳо механизми баррасии худро доранд, гуфт ӯ. Вай ҳамчунин дар мавриди сафари сарвазири Русия, Михиал Мушистин ба Тоҷикистон, ки аввали моҳи март дар назар аст, изҳор дошт, ки ҳарду ҷониб аз он интизориҳои хуб доранд. Ба гуфтаи вазир, Мишустин бо тими бузург ба Душанбе меояд ва дар доираи ин сафар ҷаласа ва дигар чорабиниҳо дар назаранд. "Мо боварӣ дорем, ки сафар хеле самаранок хоҳад буд. Ҳарду ҷониб интизор доранд, ки дар доираи ин сафар масоили муҳим пеш аз ҳама дар бахши иқтисоду тиҷорат баррасӣ мегарданд", - изҳор дошт ӯ. Вай илова намуд, ки ҳамчун вазири умури хориҷии Тоҷикистон фикр мекунад, ки сафари сарвазири Русия ба Тоҷикистон натиҷаҳои хуб хоҳад дод ва аз ин хеле хурсанд мебошад.
https://sputnik.tj/20230215/ishtirok-sohibkor-rus-forum-tijorat-tojikiston-rusiya-1054934163.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/01/18/1054444241_137:344:1092:1060_1920x0_80_0_0_75e4eb76da411b44668d1400b92198eb.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
душанбе, интизорӣ, сафар, мишустин, баён
душанбе, интизорӣ, сафар, мишустин, баён
Бо Русия мушкиле надорем: Душанбе интизориҳояшро аз сафари Мишустин баён дошт
11:15 17.02.2023 (Навсозишуда: 18:59 27.02.2023) Миёни Тоҷикистону Русия чун дар ҳар муносиботи байнидавлатӣ масоиле мавҷуданд, ки ниёз ба баррасӣ доранд, аммо мушкиле нест, ки сари он метавон таъкид кард
ДУШАНБЕ, 17 фев — Sputnik. Тоҷикистон ҳамчун шарики стратегӣ бо Русия ягон мушкиле надорад, изҳор дошт вазири умури хориҷии Тоҷикистон, Сироҷиддин Муҳриддин.
Ӯ зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, дар сатҳи муносиботи байнидавлатӣ ҳамеша масоили хурд, миёна ва бузурги мавриди баррасӣ мавҷуданд, ки механизмҳои худро доранд.
Вай аз кори комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Русия зикр намуд, ки дар доираи он даҳҳо масоил баррасӣ мегарданд, ки бархеи онҳо фаврану баъзеи дигар бо далелу омилҳои гуногун ба таъхир гузошта мешаванд. Ҳамаи масъалаҳо механизми баррасии худро доранд, гуфт ӯ.
"Дар умум мушкиле ҷой надорад, ки сари он таъкид кунем, ки бо шарики стратегиямон мушкил дорем", - гуфт Муҳриддин.
Вай ҳамчунин дар мавриди сафари сарвазири Русия, Михиал Мушистин ба Тоҷикистон, ки аввали моҳи март дар назар аст, изҳор дошт, ки ҳарду ҷониб аз он интизориҳои хуб доранд.
Ба гуфтаи вазир, Мишустин бо тими бузург ба Душанбе меояд ва дар доираи ин сафар ҷаласа ва дигар чорабиниҳо дар назаранд.
"Мо боварӣ дорем, ки сафар хеле самаранок хоҳад буд. Ҳарду ҷониб интизор доранд, ки дар доираи ин сафар масоили муҳим пеш аз ҳама дар бахши иқтисоду тиҷорат баррасӣ мегарданд", - изҳор дошт ӯ.
Вай илова намуд, ки ҳамчун вазири умури хориҷии Тоҷикистон фикр мекунад, ки сафари сарвазири Русия ба Тоҷикистон натиҷаҳои хуб хоҳад дод ва аз ин хеле хурсанд мебошад.