https://sputnik.tj/20230215/ishtirok-sohibkor-rus-forum-tijorat-tojikiston-rusiya-1054934163.html
Иштироки 160 соҳибкори рус дар Форуми тиҷоратии Тоҷикистон ва Русия
Иштироки 160 соҳибкори рус дар Форуми тиҷоратии Тоҷикистон ва Русия
Sputnik Тоҷикистон
Баргузории форуми тиҷоратии Тоҷикистону Русия дар доираи сафари Сарвазири Русия Михаил Мишустин ба Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст
2023-02-15T14:35+0500
2023-02-15T14:35+0500
2023-02-15T14:35+0500
дар тоҷикистон
дар русия
форум
сармоягузорӣ
соҳибкор
сарвазир
тиҷорат
сафари михаил мишустин ба тоҷикистон - охирин хабарҳо
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/01/1d/1032719371_0:0:3077:1731_1920x0_80_0_0_f4dcc7dc9014da2a2c577f8905270388.jpg
ДУШАНБЕ, 15 фев — Sputnik. Интизор меравад, ки дар Форуми тиҷоратии Тоҷикистон ва Русия, ки оғози моҳи март дар Душанбе баргузор мегардад, беш аз 160 соҳибкори рус иштирок хоҳанд кард, гуфт раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон Саъдӣ Қодирзода.Вай афзуд, ки баргузории Форуми тиҷоратии Тоҷикистону Русия бо мақсади тақвияти ҳамкории мутақобилан судманди байнидавлатӣ дар доираи сафари Сарвазири Русия Михаил Мишустин ба Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст.Саъдӣ Қодирзода илова кард, ки Русия яке аз шарикони асосии тиҷоратии Тоҷикистон буда, тибқи омори расмӣ, соли 2022 ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 26,4 миллион сармоягузорӣ кардааст.Вай таъкид кард, ки дар Тоҷикистон бо ҷалби сармояи Русия даҳҳо корхонаҳои муштараки саноатӣ, инфрасохтори гуногун, бахусус муассисаҳои таълимӣ бунёд гардидаанд.Саъдӣ Қодирзода илова кард, ки дар доираи Форуми тиҷоратии Тоҷикистон ва Русия доираҳои тиҷоратию соҳибкории ду давлат масъалаҳои мубрами таҳкими ҳамкории марбут ба рушди тиҷорат ва сармоягузориро матраҳ менамоянд.Ҳамзамон дар доираи Форуми тиҷоратии Тоҷикистону Русия мулоқоти доираҳои соҳбкории ду кишвар дар сиғаи B2B (cоҳибкор бо соҳибкор) баргузор гардида, ба имзо расонидани созишномаҳои ҳамкорӣ дар назар аст.
https://sputnik.tj/20221222/mishustin-naqsha-safar-osiyoi-miyona-1053705030.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/01/1d/1032719371_24:0:2755:2048_1920x0_80_0_0_750bcfcdba25a29101aadd61b6018084.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, кумитаи сармоягузорӣ, тиҷорат, форум, русия, сарвазир
тоҷикистон, кумитаи сармоягузорӣ, тиҷорат, форум, русия, сарвазир
Иштироки 160 соҳибкори рус дар Форуми тиҷоратии Тоҷикистон ва Русия
Баргузории форуми тиҷоратии Тоҷикистону Русия дар доираи сафари Сарвазири Русия Михаил Мишустин ба Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст
ДУШАНБЕ, 15 фев — Sputnik. Интизор меравад, ки дар Форуми тиҷоратии Тоҷикистон ва Русия, ки оғози моҳи март дар Душанбе баргузор мегардад, беш аз 160 соҳибкори рус иштирок хоҳанд кард, гуфт раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон Саъдӣ Қодирзода.
Вай афзуд, ки баргузории Форуми тиҷоратии Тоҷикистону Русия бо мақсади тақвияти ҳамкории мутақобилан судманди байнидавлатӣ дар доираи сафари Сарвазири Русия Михаил Мишустин ба Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст.
Саъдӣ Қодирзода илова кард, ки Русия яке аз шарикони асосии тиҷоратии Тоҷикистон буда, тибқи омори расмӣ, соли 2022 ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 26,4 миллион сармоягузорӣ кардааст.
Вай таъкид кард, ки дар Тоҷикистон бо ҷалби сармояи Русия даҳҳо корхонаҳои муштараки саноатӣ, инфрасохтори гуногун, бахусус муассисаҳои таълимӣ бунёд гардидаанд.
Саъдӣ Қодирзода илова кард, ки дар доираи Форуми тиҷоратии Тоҷикистон ва Русия доираҳои тиҷоратию соҳибкории ду давлат масъалаҳои мубрами таҳкими ҳамкории марбут ба рушди тиҷорат ва сармоягузориро матраҳ менамоянд.
Ҳамзамон дар доираи Форуми тиҷоратии Тоҷикистону Русия мулоқоти доираҳои соҳбкории ду кишвар дар сиғаи B2B (cоҳибкор бо соҳибкор) баргузор гардида, ба имзо расонидани созишномаҳои ҳамкорӣ дар назар аст.