Ирсоли дархости ҳамкорӣ ба 200 корхона барои истифодаи дастовардҳо дар истеҳсолот

© PixabayПодпись документов
Подпись документов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.02.2023
Обуна шудан
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар додааст, ки дар кишвар барномаи татбиқи илм дар истеҳсолот ва бевосита сохтани дастовардҳои Академия идома дорад
ДУШАНБЕ, 8 фев — Sputnik. Дар Академияи илмҳои милии Тоҷикистон аз якуми январи соли 2022 шуъбаи махсус барои татбиқи илм дар истеҳсолот таъсис дода шудааст, иттилоъ дод зимни нишасти матбуотӣ Фарҳод Раҳимӣ раҳбари Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон.
Вай гуфт, шуъбаи бевосита ба татбиқи илм дар истеҳсолот машғул аст.
Фарҳод Раҳимӣ таъкид кард, ки соли гузашта Академия ба 200 корхонаи ватанӣ, корхонаҳои истеҳсолӣ мактуб ирсол намудааст.
“Бо онҳо мукотиба кардем бо якчанд корхона созишнома ва протоколи ҳамкорӣ баста шуд”,-қайд кард раҳбари Академия илмҳои миллии Тоҷикистон.
Президент Академии наук Таджикистана доктор физико-математических наук, профессор Фарход Рахими - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.07.2022
Доруи тоҷикӣ алайҳи коронавирус аз ҷорубак: шарҳи президенти Академияи илмҳо
Вай афзуд, доир ба ин масъала як чорабинии калон ҳам баргузор намудем бо иштироки тамоми вазорату идораҳои кишвар то дастовардҳои худро муаррифи кунем ва пешниҳод кунем, ки истеҳсолкунандагони ватанӣ тавонанд аз ин дастовардҳо истифода намоянд ва дар истеҳсолот онро ҷорӣ кунанд.
Фарҳод Раҳимӣ илова кард, ки айни замон 10 протокол ва созишномаи ҳамкорӣ баста шуд ва кор дар ин самт идома дорад
Лентаи хабарҳо
0