https://sputnik.tj/20230217/mujohid-ikhtilof-saroni-tolibon-1055013622.html
Муҷоҳид: Ҳич ихтилофе миёни сарони толибон вуҷуд надорад
Муҷоҳид: Ҳич ихтилофе миёни сарони толибон вуҷуд надорад
Sputnik Тоҷикистон
Сухангӯии толибҳо вуҷуди ихтилофот миёни сарони ин гурӯҳро рад кард ва гуфт душманон дар ҷустуҷӯии нифоқ миёни бузургон ҳастанд ва орзӯашонро ба гӯр хоҳанд бурд
2023-02-17T16:40+0500
2023-02-17T16:40+0500
2023-02-17T16:40+0500
афғонистон
осиёи марказӣ
толибон
ихтилоф
ихтилофот
гурӯҳ
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/08/1042127640_0:0:3071:1728_1920x0_80_0_0_34ec673f8d16d97138c2194c0d9ae9da.jpg
ДУШАНБЕ, 17 фев — Sputnik. Ин ормон ба гӯр барда хоҳад шуд то миёни раҳбарони толибон, ихтилофе эҷод шавад, гуфт дар мусоҳибаи телевизионӣ сухангӯи гурӯҳи толибҳо Забеҳуллоҳ Муҷоҳид.Суханрониҳои интиқодомизи ахири вазири дохила, муовини идории раиси ҳукумат ва низ вазири дифои толибҳо вокунишҳои зиёдиро дар пай доштааст.Сироҷиддин Ҳаққонӣ, Абдусалом Ҳанафӣ ва мулло Ёқуб Муҷоҳид ахиран дар суханони худ аз амалкарди гурӯҳи толибҳо дар яку ним соли ахир интиқод кардаанд.Сухангӯии ҳукумати толибҳо ҳамчунин дар мусоҳиба бо расонаҳои хориҷӣ гуфт, ки ин гурӯҳи шароит ба расмияти шинохта шуданро ба таври комил фароҳам кардааст.Забеҳуллоҳ Муҷоҳид таъкид кардааст, ки “мавзуоти кучак набояд монеъ ба расмият шинохта шудани” ҳукумат толибон шавад.Толибҳо дар августи соли 2021 бо сарнигунии ҳукумати пешини Афғонистон, ки аз ҳимояти ғарб бархурдор буд, бар саросари кишвар тасаллут ёфтанд.Онон дар ин муддат маҳдудиятҳои шадиде барои озодиҳои фардӣ ва иҷтимои шаҳрвандон, ба вижаи занон вазъ карданд.Толибҳо дар ҷараёни музокироти сулҳ бо ИМА дар Давҳа таъкид доштанд, ки ба озодиҳои фардӣ ва ҳуқуқ занон пойбанданд аммо вақте ба ҳукумат расиданд, нахустин иқдомоти ҳукуматашон вазъи маҳдудият бар озодиҳои фардӣ ва иҷтимоӣ буд.
https://sputnik.tj/20230209/putin-qochoq-mavod-mukhaddir-afghoniston-afzoish-1054806661.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/08/1042127640_79:0:2810:2048_1920x0_80_0_0_a097e634ad25615593a641d5d5f4a760.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афғонистон, толибҳо, ихтилоф, сухангӯи гурӯҳ толибҳо, душман, бузургон, толибон
афғонистон, толибҳо, ихтилоф, сухангӯи гурӯҳ толибҳо, душман, бузургон, толибон
Муҷоҳид: Ҳич ихтилофе миёни сарони толибон вуҷуд надорад
Сухангӯии толибҳо вуҷуди ихтилофот миёни сарони ин гурӯҳро рад кард ва гуфт душманон дар ҷустуҷӯии нифоқ миёни бузургон ҳастанд ва орзӯашонро ба гӯр хоҳанд бурд
ДУШАНБЕ, 17 фев — Sputnik. Ин ормон ба гӯр барда хоҳад шуд то миёни раҳбарони толибон, ихтилофе эҷод шавад, гуфт дар мусоҳибаи телевизионӣ сухангӯи гурӯҳи толибҳо Забеҳуллоҳ Муҷоҳид.
Суханрониҳои интиқодомизи ахири вазири дохила, муовини идории раиси ҳукумат ва низ вазири дифои толибҳо вокунишҳои зиёдиро дар пай доштааст.
Сироҷиддин Ҳаққонӣ, Абдусалом Ҳанафӣ ва мулло Ёқуб Муҷоҳид ахиран дар суханони худ аз амалкарди гурӯҳи толибҳо дар яку ним соли ахир интиқод кардаанд.
Сухангӯии ҳукумати толибҳо ҳамчунин дар мусоҳиба бо расонаҳои хориҷӣ гуфт, ки ин гурӯҳи шароит ба расмияти шинохта шуданро ба таври комил фароҳам кардааст.
Забеҳуллоҳ Муҷоҳид таъкид кардааст, ки “мавзуоти кучак набояд монеъ ба расмият шинохта шудани” ҳукумат толибон шавад.
Толибҳо дар августи соли 2021 бо сарнигунии ҳукумати пешини Афғонистон, ки аз ҳимояти ғарб бархурдор буд, бар саросари кишвар тасаллут ёфтанд.
Онон дар ин муддат маҳдудиятҳои шадиде барои озодиҳои фардӣ ва иҷтимои шаҳрвандон, ба вижаи занон вазъ карданд.
Толибҳо дар ҷараёни музокироти сулҳ бо ИМА дар Давҳа таъкид доштанд, ки ба озодиҳои фардӣ ва ҳуқуқ занон пойбанданд аммо вақте ба ҳукумат расиданд, нахустин иқдомоти ҳукуматашон вазъи маҳдудият бар озодиҳои фардӣ ва иҷтимоӣ буд.