https://sputnik.tj/20230209/putin-qochoq-mavod-mukhaddir-afghoniston-afzoish-1054806661.html
Путин: Қочоқи маводи мухаддир дар Афғонистон афзоиш меёбад
Путин: Қочоқи маводи мухаддир дар Афғонистон афзоиш меёбад
Sputnik Тоҷикистон
Раисиҷумҳури Русия дар бораи маводи мухаддири афғонӣ гуфт: Майдонҳои кишт дар Афғонистон барои тавлиди маводи мухаддир афзоиш меёбанд.
2023-02-09T13:24+0500
2023-02-09T13:24+0500
2023-02-09T13:34+0500
афғонистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102826/83/1028268396_0:0:3023:1700_1920x0_80_0_0_d2d19e77c42bba1a1ae801c2da1d6b74.jpg
ДУШАНБЕ, 9 фев — Sputnik. Кишт ва тавлиди маводи мухаддир дар Афғонистон рӯ ба афзоиш аст, ки ин вазъро хеле мушкил кардааст.Дар ин бора Владимир Путин, раисҷумҳури Русия, дар дидор бо дабирони шӯроҳои амниятии кишварҳои мухталиф дар Кремл гуфт.Маврид ба зикр аст, ки мусодираи маводи мухаддир дар Тоҷикистон соли гузашта афзоиш ёфтааст, ки мақомоти тоҷик қаблан ин ҳолатҳоро ба қудратгирии толибҳо дар Афғонистон рабт медоданд.Тибци омори мақомот давоми соли 2022 мақомоти кишвар 4 тоннаю 160 кило маводи нашъаовар мусодира кардаанд.Ёдовар мешавем, ки панҷумин нишасти бисёрҷонибаи котибони шӯроҳои амниятӣ оид ба масъалаи Афғонистон бо ширкати намояндагони Ҳинд, Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон, Чин, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбекистон доир шуд.Аз Русия Николай Патрушев, дабири Шӯрои амнияти Федератсияи Русия, намояндагӣ кард. Иштирокдорони нишасти панҷуми бисёрҷониба масъалаҳои амнияти байналмилалиро бо таваҷҷӯҳ ба ҳалли авзоъ дар Афғонистон баррасӣ ва табодули афкор карданд. Патрушев, аз ҷумла гуфт, ки ҳоло мақомоти Афғонистон паёмадҳои бесарусомонии Амрикоро эҳсос мекунанд ва вазъ дар ин кишвар босуръат бад мешавад.
https://sputnik.tj/20230203/mutod-kamu-musodirai-mavodi-mukhaddir-ziyod-1054662302.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102826/83/1028268396_292:0:3023:2048_1920x0_80_0_0_17604fe8702b07b4d4ad15bbe9988730.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
путин қочоқи мавод мухаддир афғонистон афзоиш
путин қочоқи мавод мухаддир афғонистон афзоиш
Путин: Қочоқи маводи мухаддир дар Афғонистон афзоиш меёбад
13:24 09.02.2023 (Навсозишуда: 13:34 09.02.2023) Раисиҷумҳури Русия дар бораи маводи мухаддири афғонӣ гуфт: Майдонҳои кишт дар Афғонистон барои тавлиди маводи мухаддир афзоиш меёбанд.
ДУШАНБЕ, 9 фев — Sputnik. Кишт ва тавлиди маводи мухаддир дар Афғонистон рӯ ба афзоиш аст, ки ин вазъро хеле мушкил кардааст.
Дар ин бора Владимир Путин, раисҷумҳури Русия, дар дидор бо дабирони шӯроҳои амниятии кишварҳои мухталиф дар Кремл гуфт.
"Қочоқи маводи мухаддир афзоиш меёбад ва мутаассифона, майдони кишт зиёд мешавад. Ба назари ман, 80 дарсади кӯкнор дар бозори ҷаҳонӣ тавлиди афғонист. Вазъият хеле печида аст", - таъкид кард Путин.
Маврид ба зикр аст, ки мусодираи маводи мухаддир дар Тоҷикистон соли гузашта афзоиш ёфтааст, ки мақомоти тоҷик қаблан ин ҳолатҳоро ба қудратгирии толибҳо дар Афғонистон рабт медоданд.
Тибци омори мақомот давоми соли 2022 мақомоти кишвар 4 тоннаю 160 кило маводи нашъаовар мусодира кардаанд.
Ёдовар мешавем, ки панҷумин нишасти бисёрҷонибаи котибони шӯроҳои амниятӣ оид ба масъалаи Афғонистон бо ширкати намояндагони Ҳинд, Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон, Чин, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбекистон доир шуд.
Аз Русия Николай Патрушев, дабири Шӯрои амнияти Федератсияи Русия, намояндагӣ кард.
Иштирокдорони нишасти панҷуми бисёрҷониба масъалаҳои амнияти байналмилалиро бо таваҷҷӯҳ ба ҳалли авзоъ дар Афғонистон баррасӣ ва табодули афкор карданд.
Патрушев, аз ҷумла гуфт, ки ҳоло мақомоти Афғонистон паёмадҳои бесарусомонии Амрикоро эҳсос мекунанд ва вазъ дар ин кишвар босуръат бад мешавад.