https://sputnik.tj/20230216/ukraina-afghoniston--duum-meshavad-1054961967.html
Украина Афғонистони дуюм мешавад?
Украина Афғонистони дуюм мешавад?
Sputnik Тоҷикистон
Бӯҳрони Украина нотавонии Пентагон ва маъмурияти раисиҷумҳури Амрико Ҷо Байденро дар таҳияи нақшаҳо барои оянда фош кардааст, гуфт афсари истихбороти ин кишвар
2023-02-16T13:33+0500
2023-02-16T13:33+0500
2023-02-16T13:33+0500
украина
има
дар русия
афғонистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/01/10/1032636445_0:0:3059:1720_1920x0_80_0_0_6421e25a388ba302063b65a2e669b9c0.jpg
ДУШАНБЕ, 16 фев — Sputnik. Бар асари амалкарди Вашингтон муноқиша дар Украина ба Афғонистони дигар мубаддал мешавад. Таъмини бесобиқаи силоҳ ба Киев метавонад боиси ташдиди ҷиддии вазъ гардад, гуфт афсари бознишастаи истихбороти низомии ИМА Ребекка Коффлер дар суҳбат бо телевизиони Fox News изҳор дошт. Дар ҳамин ҳол, на Байден ва на Пентагон то ҳол барои ҳалли бӯҳрон иқдом накардаанд. Нигаронии асосӣ ба гуфтаи ӯ ин аст, ки муноқиша дар Украина метавонад ба авҷгирии беназорат табдил ёбад, ки Иёлоти Муттаҳидаро ба он кашида шавад. Корманди собиқи истихборот аз Пентагон даъват кард, ки дар бораи ҳадафи ниҳоӣ андеша кунад. Коффлер ҳамчунин мақомоти Амрикоро ба ироаи миллиардҳо доллар кумаки низомӣ ба Киев муттаҳам кард, дар ҳоле ки ҳеҷ кас дар ин муноқиша "ҳадафҳои мушаххас ва амалӣ" нишон намедиҳад. Қаблан Ребекка Коффлер аз раисиҷумҳури Амрико Ҷо Байден даъват карда буд, ки ба муноқиша дар Украина равған нарезад . Ба гуфтаи вай, пули андозсупорандагон ва таҷҳизоти мудофиавии ИМА беохир нест. Тавре ки афсари собиқи иктишофӣ тавзеҳ дод, Вашингтон бояд барои ба даст овардани созиши осоишта саъй кунад.
https://sputnik.tj/20230128/ima-chahor-qadamro-khotima-munoqisha-ukraina-1054553349.html
украина
има
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/01/10/1032636445_18:0:2749:2048_1920x0_80_0_0_c83a7efda7faa1885c6c786624fe188b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
украин афғонистони низоъ ҷанг
украин афғонистони низоъ ҷанг
Украина Афғонистони дуюм мешавад?
Бӯҳрони Украина нотавонии Пентагон ва маъмурияти раисиҷумҳури Амрико Ҷо Байденро дар таҳияи нақшаҳо барои оянда фош кардааст, гуфт афсари истихбороти ин кишвар
ДУШАНБЕ, 16 фев — Sputnik. Бар асари амалкарди Вашингтон муноқиша дар Украина ба Афғонистони дигар мубаддал мешавад.
Таъмини бесобиқаи силоҳ ба Киев метавонад боиси ташдиди ҷиддии вазъ гардад, гуфт афсари бознишастаи истихбороти низомии ИМА Ребекка Коффлер дар суҳбат бо телевизиони Fox News изҳор дошт.
Дар ҳамин ҳол, на Байден ва на Пентагон то ҳол барои ҳалли бӯҳрон иқдом накардаанд.
Нигаронии асосӣ ба гуфтаи ӯ ин аст, ки муноқиша дар Украина метавонад ба авҷгирии беназорат табдил ёбад, ки Иёлоти Муттаҳидаро ба он кашида шавад.
Корманди собиқи истихборот аз Пентагон даъват кард, ки дар бораи ҳадафи ниҳоӣ андеша кунад.
"Мо на стратегияи ба даст овардани пирӯзӣ дорем ва на стратегияи баромадан аз низоъ ва вақти он расидааст, ки воқеаҳои рухдодаро ҷиддӣ қабул кунем. Агар ин низоъ ба зудӣ хотима наёбад, он Аврупоро пора-пора хоҳад кард”, - гуфт ӯ.
Коффлер ҳамчунин мақомоти Амрикоро ба ироаи миллиардҳо доллар кумаки низомӣ ба Киев муттаҳам кард, дар ҳоле ки ҳеҷ кас дар ин муноқиша "ҳадафҳои мушаххас ва амалӣ" нишон намедиҳад.
Қаблан Ребекка Коффлер аз раисиҷумҳури Амрико Ҷо Байден даъват карда буд, ки ба муноқиша дар Украина равған нарезад .
Ба гуфтаи вай, пули андозсупорандагон ва таҷҳизоти мудофиавии ИМА беохир нест. Тавре ки афсари собиқи иктишофӣ тавзеҳ дод, Вашингтон бояд барои ба даст овардани созиши осоишта саъй кунад.