https://sputnik.tj/20230216/kumita-zamin-tojikiston-qodir-million-nafar-khuronad-1054958189.html
Кумитаи замин: Тоҷикистон қодир аст, ки 50 миллион нафарро хӯронад
Кумитаи замин: Тоҷикистон қодир аст, ки 50 миллион нафарро хӯронад
Sputnik Тоҷикистон
Барои ин ҳамаи соҳибони заминҳлои ҳосилдиҳандаро лозим аст, ки ба замин бодиққат муносибат кунанду технологияи муосирро истифода баранд
2023-02-16T10:15+0500
2023-02-16T10:15+0500
2023-02-16T10:15+0500
дар тоҷикистон
замин
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/19/1033071594_0:0:3077:1731_1920x0_80_0_0_187e0575bf03c9adc904edc3c5b050f3.jpg
ДУШАНБЕ, 16 фев — Sputnik. Заминҳои Тоҷикистон бо вуҷуди кам будани заминҳои обӣ имконият доранд, ки ахолии 50 миллион нафарро бо хӯрок таъмин кунанд. Дар ин бора Ориф Хоҷазода, раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ зимни як нишасти хабарӣ изҳор дошт ва таъкид кард, ки шояд зарурат ба воридоти равғани растанӣ боқӣ монад.Ба гуфтаи вай, барои ин ҳама хонаводаҳо, аз ҷумла деҳқонон, хоҷагиҳо ва соҳибони қитъаҳои наздиҳавлигӣ бояд муносибати худро ба замин тағйир диҳанд. Баргардонидани ҳудудҳои истифоданашуда ба гардиши кишоварзӣ ва ҷорӣ кардани технологияҳои муосир ва обёрии қатрагӣ ба гуфти ӯ, мисол шуда метавонанд.Хоҷазода барои ин хоҷагиҳои ноҳияҳои Рӯдакӣ ва Истаравшанро мисол овард. "Оби боронро дар зарфҳо ҷамъ карда, дар тобистон дар боғи худ истифода мебаранд, ки дар натиҷа ҳар як ҳавлӣ ҳамеша помидору бодирингу картошка, гиёҳ ва дигар маҳсулоти зарурии худро дорад", - гуфт ӯ.
https://sputnik.tj/20221027/vazorat-kishovarzi-zaminho-tojikiston-kamhosil-1052474657.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/19/1033071594_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_c6af6cac70c4cc6b8476a352efab6ab1.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
кумита замин тоҷикистон қодир 50 миллион нафар ғизо
кумита замин тоҷикистон қодир 50 миллион нафар ғизо
Кумитаи замин: Тоҷикистон қодир аст, ки 50 миллион нафарро хӯронад
Барои ин ҳамаи соҳибони заминҳлои ҳосилдиҳандаро лозим аст, ки ба замин бодиққат муносибат кунанду технологияи муосирро истифода баранд
ДУШАНБЕ, 16 фев — Sputnik. Заминҳои Тоҷикистон бо вуҷуди кам будани заминҳои обӣ имконият доранд, ки ахолии 50 миллион нафарро бо хӯрок таъмин кунанд.
Дар ин бора Ориф Хоҷазода, раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ зимни як нишасти хабарӣ изҳор дошт ва таъкид кард, ки шояд зарурат ба воридоти равғани растанӣ боқӣ монад.
Ба гуфтаи вай, барои ин ҳама хонаводаҳо, аз ҷумла деҳқонон, хоҷагиҳо ва соҳибони қитъаҳои наздиҳавлигӣ бояд муносибати худро ба замин тағйир диҳанд.
Баргардонидани ҳудудҳои истифоданашуда ба гардиши кишоварзӣ ва ҷорӣ кардани технологияҳои муосир ва обёрии қатрагӣ ба гуфти ӯ, мисол шуда метавонанд.
Хоҷазода барои ин хоҷагиҳои ноҳияҳои Рӯдакӣ ва Истаравшанро мисол овард.
"Оби боронро дар зарфҳо ҷамъ карда, дар тобистон дар боғи худ истифода мебаранд, ки дар натиҷа ҳар як ҳавлӣ ҳамеша помидору бодирингу картошка, гиёҳ ва дигар маҳсулоти зарурии худро дорад", - гуфт ӯ.