Вазорати кишоварзӣ гуфт, чаро заминҳои Тоҷикистон камҳосил шудааст

© Sputnik / Сергей Пивоваров / Гузариш ба медиабонкМассовая посевная кампания
Массовая посевная кампания - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.10.2022
Обуна шудан
Барои бештар рӯёнидани ҳосили гандум ва таъмини бозири дохилӣ бо маҳсулоти худб Вазорати кишоварзии Тоҷикистон мегӯяд, навҳои беҳтарини онро ворид кардааст
ДУШАНБЕ, 27 окт — Sputnik. Тағйирёбии иҷлим як аз сабабҳои камҳосилшавии заминҳои Тоҷикистон арзёбӣ мешавад.
Дар ин бора Вазорати кишоварзии кишвар таъкид карда гуфтааст, ки он бештар ба ҳосилнокии ғалладонагиҳо таъсир расонида истодааст.
Ба иттилои манбаъ, ҳамчунин сабаби дигари паст гардидани ҳосилнокӣ ва риоя нагардидани технологияи парвариши зироатҳои ғалладонагӣ аз ҷониби хоҷагиҳои тухмипарварӣ дар он аст, ки хоҷагиҳои мазкур барои истеҳсоли тухмиҳои сертификатсияшуда заминаи моддию техникиро надоранд.
Картофель, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.10.2022
Тоҷикистон ҳосили ғаллаю картошкаашро эълон кард
Ҷиҳати ҳалли масъалаи мазкур олимони соҳаро зарур аст, ки навъҳои нави серҳосили ба тағйирёбии иқлим мутобиқро офарида, дар истеҳсолот ҷорӣ намоянд, афзудааст манбмаъ.
Гуфта мешавад, ки бо гузаштан ба технологияҳои муосири парвариш, самаранок истифода бурдани заминҳои обёришаванда, аз як замин ба даст овардани на як ду балки се-чор ҳосил (гандум ва дигар зироатҳо), рўёнидани ҳосили миёнаи гандум на кам аз 50 с/га дар ҷумҳурӣ имконпазир мегардад.
Ин ниҳод мегӯяд, барои баланд бардоштани ҳосил дар соли 2023 аллакай чора андешида, тухмиҳо хушсифат ворид ва захира кардааст.
Ҳоло дар ҷумҳурӣ миқдори захираи тухмии ғалладонагиҳо 86823 тонна, аз ҷумла гандум 77663 тонна, ҷав 8506 тонна, сулӣ 44 тонна ва лӯбиёгиҳо 610 тоннаро ташкил медиҳад.
"Таҳлилҳо муайян намуд, ки миқдори захираи тухмии ғалладонагиҳо ҳамагӣ 86823 тонна буда, аз он 37 тонна (0,1%) гурўҳи элита, репродуксияи якум 3679 тонна (4,2%), репродуксияи дуюм 21205 тонна(24,4%), репродуксияи сеюм 25586 тонна (29,5%) ва 36313 тонна (41,8%)-ро тухмии шартӣ мебошад", - афзудааст вазорат.
Пшеница, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.07.2022
Мақомоти Тоҷикистон аз коҳиши воридоти гандум ва истеҳсоли орд хабар медиҳанд
Вазора мегӯяд, яке аз масъалаҳои асосии мустаҳкам намудани амнияти озуқавории кишвар таъмин намудани аҳолӣ бо нон ва маҳсулоти нонӣ ба ҳисоб меравад ва барои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳои ғалладонагӣ ва ҳосили соли 2023 аллакай 280 тонна гандуми тухмӣ ворид кардааст.
Гуфта мешавад, ки тухмии воридшуда гуруҳи элита навъҳои “Гром”, “Алексеич” ва “Безостая 100” буда, дар асоси шартномаи тарафайн ба хоҷагиҳо дастрас гардид.
Талаботи имсолаи тухми гандум барои киштро вазорат 41 ҳазор тонна арзёбӣ кардааст.
Лентаи хабарҳо
0