https://sputnik.tj/20230216/boronu-barf-basta-shudani-roh-shughnon-1054994654.html
Борону барфи зиёд боиси баста шудани роҳҳои мошингарди ноҳияи Шуғнон шуд
Борону барфи зиёд боиси баста шудани роҳҳои мошингарди ноҳияи Шуғнон шуд
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Шуғнон бар асари борону барфи зиёд роҳҳои мошингарди ноҳияи Шуғнон муваққатан баста шуданд
2023-02-16T20:55+0500
2023-02-16T20:55+0500
2023-02-16T20:55+0500
дар тоҷикистон
барф
борон
борон
роҳ
шуғнон
баста шудани роҳҳо
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102794/22/1027942272_0:321:3071:2048_1920x0_80_0_0_6be2abdeffe88806844ebbaf0a22b713.jpg
ДУШАНБЕ, 16 фев — Sputnik. Бинобар сабаби бориши зиёди барфу борон ва фаромадани зиёда аз 50 адад тармаҳо роҳҳои мошингарди ҳудуди ноҳияи Шуғнон муваққатан баста шудаанд, иттилоъ додааст мақомоти ноҳия.Ба иттилои манбаъ, 15 феврал дар мавзеъҳои Ёмҷ, Сохчарв, Зевардашти Ҷамоати деҳоти М.Ширинҷонов, Бидурд, Манем, Барсеми Ҷамоати деҳоти Сучон, деҳаҳои Гожак ва Барчадеви Ҷамоати деҳоти Ғ.Шаҳбозов, деҳаи Вабисти Ҷамоати деҳоти Навобод ва дар Ҷамоати деҳоти Ванқалъа, инчунин ағбаи Куҳтезак бинобар сабаби ба амал омадани барфу борони зиёд ва фаромадани тармаҳо роҳҳои мошингарди ҳудуди ноҳияи Шуғнон муваққатан баста шуданд.Тибқи иттилои мнбаъ, айни ҳол дар мавзеъҳои номбурда 12 техникаи муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди ноҳияи Шуғнон ба тозакунии роҳҳо аз барф машғуланд.“Масъулин талош доранд, ки то 17 феврал роҳҳои мошингардро аз тарма тоза карда, ҳаракати нақлиётро дар роҳҳои ҳудуди ноҳия таъмин намоянд”,- қайд кардааст манбаъ.Ҳамзамон иттилоъ дода шудааст, ки дар ҳоли ҳозир роҳҳои мошингард дар ҷамоатҳои деҳоти М.Ширинҷонов ва Поршинев аз тарма тоза карда шуда, дар ҷамоатҳои деҳоти Сучон, Ғ.Шаҳбозов, Навобод ва Ванқалъа корҳои бартарафсозии оқибати офати табиӣ идома доранд.Мақомот аз тамоми ронандагони нақлиёти мусофирбар ва хусусӣ, инчунин сокинон хоҳиш кардааст, ки дар ин давра бе зарурат ба сафар набароянд.
https://sputnik.tj/20230216/tedod-qurboniyon-tarma-tojikiston-afzoish-1054973779.html
шуғнон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102794/22/1027942272_119:0:2850:2048_1920x0_80_0_0_e786844a12dae4cde479370dfc91497b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, шуғнон, басташавии роҳ, мошингард, вмкб, барф борон
тоҷикистон, шуғнон, басташавии роҳ, мошингард, вмкб, барф борон
Борону барфи зиёд боиси баста шудани роҳҳои мошингарди ноҳияи Шуғнон шуд
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Шуғнон бар асари борону барфи зиёд роҳҳои мошингарди ноҳияи Шуғнон муваққатан баста шуданд
ДУШАНБЕ, 16 фев — Sputnik. Бинобар сабаби бориши зиёди барфу борон ва фаромадани зиёда аз 50 адад тармаҳо роҳҳои мошингарди ҳудуди ноҳияи Шуғнон муваққатан баста шудаанд, иттилоъ додааст мақомоти ноҳия.
Ба иттилои манбаъ, 15 феврал дар мавзеъҳои Ёмҷ, Сохчарв, Зевардашти Ҷамоати деҳоти М.Ширинҷонов, Бидурд, Манем, Барсеми Ҷамоати деҳоти Сучон, деҳаҳои Гожак ва Барчадеви Ҷамоати деҳоти Ғ.Шаҳбозов, деҳаи Вабисти Ҷамоати деҳоти Навобод ва дар Ҷамоати деҳоти Ванқалъа, инчунин ағбаи Куҳтезак бинобар сабаби ба амал омадани барфу борони зиёд ва фаромадани тармаҳо роҳҳои мошингарди ҳудуди ноҳияи Шуғнон муваққатан баста шуданд.
Тибқи иттилои мнбаъ, айни ҳол дар мавзеъҳои номбурда 12 техникаи муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди ноҳияи Шуғнон ба тозакунии роҳҳо аз барф машғуланд.
“Масъулин талош доранд, ки то 17 феврал роҳҳои мошингардро аз тарма тоза карда, ҳаракати нақлиётро дар роҳҳои ҳудуди ноҳия таъмин намоянд”,- қайд кардааст манбаъ.
Ҳамзамон иттилоъ дода шудааст, ки дар ҳоли ҳозир роҳҳои мошингард дар ҷамоатҳои деҳоти М.Ширинҷонов ва Поршинев аз тарма тоза карда шуда, дар ҷамоатҳои деҳоти Сучон, Ғ.Шаҳбозов, Навобод ва Ванқалъа корҳои бартарафсозии оқибати офати табиӣ идома доранд.
Мақомот аз тамоми ронандагони нақлиёти мусофирбар ва хусусӣ, инчунин сокинон хоҳиш кардааст, ки дар ин давра бе зарурат ба сафар набароянд.