https://sputnik.tj/20230216/tedod-qurboniyon-tarma-tojikiston-afzoish-1054973779.html
Теъдоди қурбониёни тарма дар Тоҷикистон ба 19 нафар расид
Теъдоди қурбониёни тарма дар Тоҷикистон ба 19 нафар расид
Sputnik Тоҷикистон
Ҷустуҷӯи қурбониёни офати табиӣ то имрӯз идома дорад. Барои ин наҷотдиҳандагон аз КҲФ, ихтиёриён ва ҳатто низомиён ҷалб шудаанд
2023-02-16T15:24+0500
2023-02-16T15:24+0500
2023-02-16T15:25+0500
дар тоҷикистон
тарма
вмкб
қурбонӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/02/10/1054957937_0:137:1081:745_1920x0_80_0_0_b1e4e561488c5cbf57aa549697cb114a.jpg
ДУШАНБЕ, 16 фев — Sputnik. Бар асари фаромадани тармаҳои рӯзи 15 феврал дар Тоҷикистон 19 нафар ба ҳалокат расиданд. Ба гуфтаи Ризо Назарзода, раиси шаҳри Хоруғ, 16 нафар, аз ҷумла 11 зан, 3 кӯдак ва 2 мард дар Хоруғ ба ҳалокат расиданд.Дар ноҳияи Ванҷ низ 2 нафар ҳалок шуда, як тани дигар низ дар километри 65-уми шоҳроҳи Душанбе-Варзоб зери тарма ҷон дод. Илова бар ин, боз ду сокини ноҳияи Ишкошим зери тарма нопадид шудаанд, ки ҷустуҷӯйи онҳо идома дорад. Назарзода афзуд, оилаҳое, ки манзилҳояшон аз офати табиӣ осеб дидаанд, бо манзили муваққатӣ, ғизо ва маводи ниёзи аввалия таъмин шудаанд. Илова бар ин, хонаҳои сокинони ВМКБ, ки зери хатари резиши тарма қарор доранд, ба ҷойҳои амн кӯчонида шуданд. Ёдовар мешавем, ки дар натиҷаи фаромадани тарма 4 бинои истиқоматӣ тахриб шуда, 35 бинои дигар қисман ва 5 иншооти иқтисодӣ низ осеб дидаанд. Қаблан КҲФ хабар дода буд, ки тибқи пешгӯии обуҳаво хатари фаромадани тарма то рӯзи 19 феврал идома хоҳад дошт ва ҳамчунин хостори худдорӣ аз сафарҳои тӯлонӣ ба манотиқи тармарез шуда буд.
https://sputnik.tj/20230215/hamdardi-rahmon-payvandonu-nazdikoni-khorugh-1054948321.html
вмкб
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/02/10/1054957937_0:0:1079:809_1920x0_80_0_0_b99b6da55218ae374107f37000ebf83c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
теъдод қурбониён тарма тоҷикистон афзоиш
теъдод қурбониён тарма тоҷикистон афзоиш
Теъдоди қурбониёни тарма дар Тоҷикистон ба 19 нафар расид
15:24 16.02.2023 (Навсозишуда: 15:25 16.02.2023) Ҷустуҷӯи қурбониёни офати табиӣ то имрӯз идома дорад. Барои ин наҷотдиҳандагон аз КҲФ, ихтиёриён ва ҳатто низомиён ҷалб шудаанд
ДУШАНБЕ, 16 фев — Sputnik. Бар асари фаромадани тармаҳои рӯзи 15 феврал дар Тоҷикистон 19 нафар ба ҳалокат расиданд.
Ба гуфтаи Ризо Назарзода, раиси шаҳри Хоруғ, 16 нафар, аз ҷумла 11 зан, 3 кӯдак ва 2 мард дар Хоруғ ба ҳалокат расиданд.
Дар ноҳияи Ванҷ низ 2 нафар ҳалок шуда, як тани дигар низ дар километри 65-уми шоҳроҳи Душанбе-Варзоб зери тарма ҷон дод.
Илова бар ин, боз ду сокини ноҳияи Ишкошим зери тарма нопадид шудаанд, ки ҷустуҷӯйи онҳо идома дорад.
Назарзода афзуд, оилаҳое, ки манзилҳояшон аз офати табиӣ осеб дидаанд, бо манзили муваққатӣ, ғизо ва маводи ниёзи аввалия таъмин шудаанд.
Илова бар ин, хонаҳои сокинони ВМКБ, ки зери хатари резиши тарма қарор доранд, ба ҷойҳои амн кӯчонида шуданд.
Ёдовар мешавем, ки дар натиҷаи фаромадани тарма 4 бинои истиқоматӣ тахриб шуда, 35 бинои дигар қисман ва 5 иншооти иқтисодӣ низ осеб дидаанд.
Қаблан КҲФ хабар дода буд, ки тибқи пешгӯии обуҳаво хатари фаромадани тарма то рӯзи 19 феврал идома хоҳад дошт ва ҳамчунин хостори худдорӣ аз сафарҳои тӯлонӣ ба манотиқи тармарез шуда буд.