https://sputnik.tj/20230215/moshin-musofir-vmkb-tarma-khf-1054927262.html
Мошин бо 10 мусофир дар ВМКБ зери тарма монд: Ҳушдори КҲФ ба аҳолӣ
Мошин бо 10 мусофир дар ВМКБ зери тарма монд: Ҳушдори КҲФ ба аҳолӣ
Sputnik Тоҷикистон
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон аз ҳолатҳои тармафароӣ ҳушдор дода, таъкид намудаст, ки хатар то 17 феврал боқӣ мемонад
2023-02-15T11:00+0500
2023-02-15T11:00+0500
2023-02-15T11:02+0500
дар тоҷикистон
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
кҳф
вмкб
тарма
мусофир
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102791/09/1027910925_0:261:2503:1669_1920x0_80_0_0_4d72a745643f2cd65e61448fab50ff65.jpg
ДУШАНБЕ, 15 фев — Sputnik. Дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон мошин бо 10 мусофир зери тарма монд, иттилоъ дод КҲФ Тоҷикистон. Ба иттилои манбаъ, ҳодисаи мазкур дар километри 8-уми роҳи Хоруғ - Роштқалъа, рух додааст. Манбаъ меафзояд, дар лаҳзаи лағжиши тарма аз ин роҳ микроавтобус бо 8 мард ва 2 зан мегузашт, ки дар натиҷа тарма мошинро ба ҷарии панҷметрӣ сарозер кард. Дар ҳамин ҳол, ин ниҳод аз шаҳрвандон даъват намудааст, ки дар ҳавои номусоид аз сафар тариқи роҳҳои кӯҳӣ худдорӣ кунанд.Ин ниҳод ҳамчунин ҳолатҳои фаромадани тарма дар роҳҳои гуногуни ВМКБ-ро таъкид намуда, афзуд, ки барои чанд муддат масирҳои Хоруғ – Ишкошим, Хоруғ – Мурғоб ва Хоруғ – Кӯлоб – Душанбе муваққатан баста буданд. Воҳидҳои наҷоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании дар роҳҳои мошингарди Душанбе – Хуҷанд ва роҳҳои мушкилгузару тармахези дигар навбатдории шабонарӯзӣ ташкил кардаву ҳар лаҳза омода кӯмак ба ронандагону мусофирон мебошанд.Бино ба пешгӯии обуҳавошиносон бар асари бориши барфу борон ва болоравии дамои ҳаво дар қаламрави ноҳияҳои кӯҳии тобеъи ҷумҳурӣ, қисмати ҷанубии қаторкӯҳи Ҳисор ва қисмати ғарбии ВМКБ то 17-уми феврали соли равон хатари лағзиши тарма, резиши санг ва омадани селҳо боқӣ мемонад.
https://sputnik.tj/20230214/najotdihandagon-khatar-kuhistoni-tojikiston-hushdor-1054897919.html
вмкб
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102791/09/1027910925_0:0:2225:1669_1920x0_80_0_0_0c21cd77abcc40eff020e741aa76a79b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
фоҷиа, кҳф, ҳушдор, тарма, вмкб
фоҷиа, кҳф, ҳушдор, тарма, вмкб
Мошин бо 10 мусофир дар ВМКБ зери тарма монд: Ҳушдори КҲФ ба аҳолӣ
11:00 15.02.2023 (Навсозишуда: 11:02 15.02.2023) Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон аз ҳолатҳои тармафароӣ ҳушдор дода, таъкид намудаст, ки хатар то 17 феврал боқӣ мемонад
ДУШАНБЕ, 15 фев — Sputnik. Дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон мошин бо 10 мусофир зери тарма монд, иттилоъ дод КҲФ Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, ҳодисаи мазкур дар километри 8-уми роҳи Хоруғ - Роштқалъа, рух додааст.
Манбаъ меафзояд, дар лаҳзаи лағжиши тарма аз ин роҳ микроавтобус бо 8 мард ва 2 зан мегузашт, ки дар натиҷа тарма мошинро ба ҷарии панҷметрӣ сарозер кард.
"Ҳар 10 мусофир зинда монда, танҳо ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштаанд ва ҳамон лаҳза ҳамаи онҳо ба бемористони шаҳри Хоруғ интиқол дода шуданд", - омадааст дар хабари КҲФ.
Дар ҳамин ҳол, ин ниҳод аз шаҳрвандон даъват намудааст, ки дар ҳавои номусоид аз сафар тариқи роҳҳои кӯҳӣ худдорӣ кунанд.
Ин ниҳод ҳамчунин ҳолатҳои фаромадани тарма дар роҳҳои гуногуни ВМКБ-ро таъкид намуда, афзуд, ки барои чанд муддат масирҳои Хоруғ – Ишкошим, Хоруғ – Мурғоб ва Хоруғ – Кӯлоб – Душанбе муваққатан баста буданд.
Воҳидҳои наҷоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании дар роҳҳои мошингарди Душанбе – Хуҷанд ва роҳҳои мушкилгузару тармахези дигар навбатдории шабонарӯзӣ ташкил кардаву ҳар лаҳза омода кӯмак ба ронандагону мусофирон мебошанд.
Бино ба пешгӯии обуҳавошиносон бар асари бориши барфу борон ва болоравии дамои ҳаво дар қаламрави ноҳияҳои кӯҳии тобеъи ҷумҳурӣ, қисмати ҷанубии қаторкӯҳи Ҳисор ва қисмати ғарбии ВМКБ то 17-уми феврали соли равон хатари лағзиши тарма, резиши санг ва омадани селҳо боқӣ мемонад.