https://sputnik.tj/20230215/talafot-joni-suhbat-rahmon-vmkb-1054935754.html
Талафоти ҷонию суҳбати Раҳмон бо раиси ВМКБ: вилоят дар чӣ ҳол аст?
Талафоти ҷонию суҳбати Раҳмон бо раиси ВМКБ: вилоят дар чӣ ҳол аст?
Sputnik Тоҷикистон
Барфрезию тармафароиҳои маргбори харобиовар дар ВМКБ бисёре аз қисматҳои вилоятро дар муҳосира монда, барқу алоқаи мобилӣ дастнорасанд
2023-02-15T15:06+0500
2023-02-15T15:06+0500
2023-02-15T15:06+0500
дар тоҷикистон
иҷтимоъ
мактаб
барф
сардӣ
вмкб
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/01/1b/1054520102_0:684:2424:2048_1920x0_80_0_0_8d267f0293797addeccc65f60be29904.jpg
ДУШАНБЕ, 15 фев – Sputnik. Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон бо раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот суҳбати телефонӣ анҷом дод. Ба иттилои дафтари матбуоти президент, мавзӯи суҳбати Раҳмону Мирзонабот, боришоти барфи шадиду фаромадани тарма буд, ки боиси талафоти ҷонӣ ва хисороти моддӣ шудааст. Дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон дар ҳоле аз талафоти ҷонӣ бар асари ин офати табиӣ мегӯяд, ки расман мақомоти тоҷик ҳанӯз шумораи ҳалокшудагонро эълон накардаанд. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҳалокати то 4 - 5 нафар хабар дода мешавад, ки тасдиқи расмияш ҳанӯз нест. Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба ҳар чӣ зудтар бартараф кардани оқибатҳои офати табиӣ ва расондани кумаки моддӣ ба оилаҳои зарардидагон ба сарвазири мамлакат, Қоҳир Расулзода, роҳбарияти ВМКБ, ВКД ва КҲФ супоришҳои мушаххас додааст.Манбаъ зикр намуд, ки дар натиҷаи боришоти барфи зиёд дар се шабонарӯзи охир баландии барф бештар аз як метрро ташкил дода, дар шаҳри Хоруғ тарма фаромад.Тарма чандин хонаҳои истиқоматиро зикр намуда, ба иттилои шоҳидон то ҳол 5 нафар аз зери барф бароварда шудаанд. Дар ҳамин ҳол сокинони ВМКБ мегӯянд, бар асари офати табиӣ бисёре аз мактабу коргоҳҳо баста шуда, ҳаракат дар роҳҳо низ масдуд аст. Барқ дар бисёри минтақаҳои ВМКБ қатъ шуда, алоқаи мобилӣ низ дар бархе аз минтақаҳои вилоят дастнорас мебошад. Ҳавошиносон мегӯянд, барфрезии шадид дар минтақа метавонад то 19 феврал идома ёбад.
https://sputnik.tj/20230215/moshin-musofir-vmkb-tarma-khf-1054927262.html
вмкб
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/01/1b/1054520102_601:680:2424:2048_1920x0_80_0_0_1ce2a8bdd98efcff570431ea7c5050a6.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
суҳбат, эмомалӣ раҳмон, вмкб, раис
суҳбат, эмомалӣ раҳмон, вмкб, раис
Талафоти ҷонию суҳбати Раҳмон бо раиси ВМКБ: вилоят дар чӣ ҳол аст?
Барфрезию тармафароиҳои маргбори харобиовар дар ВМКБ бисёре аз қисматҳои вилоятро дар муҳосира монда, барқу алоқаи мобилӣ дастнорасанд
ДУШАНБЕ, 15 фев – Sputnik. Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон бо раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот суҳбати телефонӣ анҷом дод.
Ба иттилои дафтари матбуоти президент, мавзӯи суҳбати Раҳмону Мирзонабот, боришоти барфи шадиду фаромадани тарма буд, ки боиси талафоти ҷонӣ ва хисороти моддӣ шудааст.
Дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон дар ҳоле аз талафоти ҷонӣ бар асари ин офати табиӣ мегӯяд, ки расман мақомоти тоҷик ҳанӯз шумораи ҳалокшудагонро эълон накардаанд. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҳалокати то 4 - 5 нафар хабар дода мешавад, ки тасдиқи расмияш ҳанӯз нест.
Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба ҳар чӣ зудтар бартараф кардани оқибатҳои офати табиӣ ва расондани кумаки моддӣ ба оилаҳои зарардидагон ба сарвазири мамлакат, Қоҳир Расулзода, роҳбарияти ВМКБ, ВКД ва КҲФ супоришҳои мушаххас додааст.
Манбаъ зикр намуд, ки дар натиҷаи боришоти барфи зиёд дар се шабонарӯзи охир баландии барф бештар аз як метрро ташкил дода, дар шаҳри Хоруғ тарма фаромад.
Тарма чандин хонаҳои истиқоматиро зикр намуда, ба иттилои шоҳидон то ҳол 5 нафар аз зери барф бароварда шудаанд.
Дар ҳамин ҳол сокинони ВМКБ мегӯянд, бар асари офати табиӣ бисёре аз мактабу коргоҳҳо баста шуда, ҳаракат дар роҳҳо низ масдуд аст. Барқ дар бисёри минтақаҳои ВМКБ қатъ шуда, алоқаи мобилӣ низ дар бархе аз минтақаҳои вилоят дастнорас мебошад.
Ҳавошиносон мегӯянд, барфрезии шадид дар минтақа метавонад то 19 феврал идома ёбад.