Премьер-министр РФ М. Мишустин спускается по трапу - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Сафари Михаил Мишустин ба Тоҷикистон - охирин хабарҳо
Боздиди сарвазири Русия аз Тоҷикистон рӯзҳои 2 ва 3 март дар назар аст

Мишустин нақшаи сафари Осиёи Миёнаро дорад

© Sputnik / Александр Астафьев / Гузариш ба медиабонкПредседатель правительства РФ Михаил Мишустин
Председатель правительства РФ Михаил Мишустин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.12.2022
Обуна шудан
Сарвари ҳукумати Русия қасд дорад ба як сафари корӣ барои наздикии бештари робитаҳо дар самтҳои гуногун ба кишварҳои Осиёи Марказӣ биравад
ДУШАНБЕ, 22 дек — Sputnik. Сарвазири Русия Михаил Мишустин қасд дорад аз кишварҳои Осиёи Марказӣ боздид кунад.
Александр Стерник, директори департаменти сеюми кишварҳои ИДМ-и Вазорати корҳои хориҷии Русия гуфт, ин сафар метавонад дар аввали соли 2023 сурат гирад.
"Дар ибтидои соли оянда сафари сарвари ҳукумати мо ба минтақа дар назар аст", - гуфт ӯ дар маҳалли маҳфили мубоҳисавии "Валдай".
Вай тавзеҳ дод, ки дар ҷараёни сафар суҳбат ҳам дар бораи қарордодҳои мутақобилан судманд ва ҳам дар бораи хатсайрҳои нав ва долонҳои нақлиётии байналмилалӣ идома хоҳад ёфт.
Премьер-министр РФ М. Мишустин провел совещание с вице-премьерами РФ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.10.2022
Мишустин ба кишварҳои ИДМ даъват кард, ки аз доллар даст кашанд
Ба гуфтаи Стерник, кишварҳои Осиёи Марказӣ саъй доранд, ҳам бо Русия ва ҳам бо дигар бозигарони умдаи минтақа равобити баробар барқарор кунанд.
"Ман бо ин нукта баҳс мекардам, ки равобити Русия ва Осиёи Марказӣ ҳоло мисли як соли пеш фаъол нест", - афзуд ӯ.
Вай таваҷҷуҳро ба он ҷалб кард, ки дар соли 2021 дар сатҳи баланд ва олӣ ҳудуди 57 дидору мулоқоту мулоқотҳо сурат гирифтааст. Имсол қариб 10 дидор бештар қариб 66 илова намуд Стерник.
Лентаи хабарҳо
0