“Гап зада пулро надодаанд”: "Тоҷиктелеком" аз қарздории муштариён гуфт

© Sputnik / Максим БлиновЖенщина держит телефон в руках.
Женщина держит телефон в руках. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.02.2023
Обуна шудан
Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи "Тоҷиктелеком" дар вилояти Суғд ҳаҷми қарзи муштариёнашро аз ҳисоби гуфтугӯи телефонӣ дар солҳои охир эълон кард
ДУШАНБЕ, 15 фев – Sputnik. Қарзи муштариёни "Тоҷиктелеком" аз ин ширкат дар давоми се соли охир ба 1,7 млн сомонӣ баробар шудааст.
Дар ин бора сардори филиали “Тоҷиктелеком” дар вилояти Суғд, Сӯҳроб Ғоибов, зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Ба гуфтаи ӯ, миёни муштариёни қарздор ҳам сокинон ва ҳам идораҳои давлатӣ мебошанд.
"Барои мисол сохтори Вазорати мудофиа 120 ҳазор сомонӣ, идораҳои дигари давлатӣ ҳастанд, ки қарзашон аз 100 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад", - афзуд ӯ.
Мобильный телефон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.02.2023
Муҳлати сабти симкортҳо дар Тоҷикистон тамдид шуд
Вай таъкид намуд, ки ҳаҷми боқимондаи қарз ба сокинон рост меояд.
Ғоибов иброз намуд, ки сабаби зиёдшавии қарзҳои дебиторӣ аз он ҳисоб аст, ки ширкат ба ваъдаи муштариён бовар карда аз қатъи намудани хизматрасонӣ худдорӣ намудааст.
Дар ҳолест, ки тибқи шартнома дар сурати 5 - 16 сомонӣ гузаштани қарзи муштарипулӣ ширкат ҳақ дорад, ки хидматрасонии гуфтугуи телефониро қатъ намояд.
Зимнан арзиши як дақиқаи гуфтугӯ байни телефонҳои симдор 3,5 дирам ва барои дигар операторҳои мобилӣ 4,2 дирам муқаррар шудааст.
Лентаи хабарҳо
0