https://sputnik.tj/20230215/prezident-muhlat-sabt-simkort-tamdid-1054930488.html
Муҳлати сабти симкортҳо дар Тоҷикистон тамдид шуд
Муҳлати сабти симкортҳо дар Тоҷикистон тамдид шуд
Sputnik Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон барои тамдиди муҳлати сабти симкортҳо бо пешниҳоди шиносномаи нав муҳлат додааст, то мардуми кишвар ранҷ накашанд
2023-02-15T12:55+0500
2023-02-15T12:55+0500
2023-02-15T13:01+0500
дар тоҷикистон
амният ва мудофиа
симкорт
сабт
рамазон раҳимзода
шиноснома
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102223/19/1022231904_0:0:1200:675_1920x0_80_0_0_b87af025000259d64fa3aba5e0066d29.jpg
ДУШАНБЕ, 15 фев — Sputnik. Муҳлати сабти симкортҳо бо пешниҳоди шиносномаҳои намунаи нав дар Тоҷикистон, ки то 15 феврали соли 2023 муқаррар шуда буд, тамдид гардид. Дар ин бора вазири умури дохилии Тоҷикистон, Рамазон Раҳимзода зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дода, афзуд, ки муҳлати сабти симкортҳо барои як соли дигар тамдид гардид. Кори симкортҳое, ки ҳанӯз бо шиносномаи ҷадид сабт нашудаанд, қатъ нагардид, чун президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон қарор кардааст, муҳлат як соли дигар тамдид шавад, иттилоъ дод вазир. Ба гуфтаи ӯ, дар зимн бояд давоми ин сол бо мардум кор кард, то шиносномаи нав гиранду симкорташонро бар асоси он сабт кунанд. Вай тавзеҳ дод, ки ин масъалаи амниятӣ мебошад, чун сохторҳои дахлдор бояд донанд, ки кадом симкорт ба номи кӣ сабт гардидааст. Ахиран муовини аввали сардори Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, иттилоъ дода буд, ки аз миёни беш аз 2 млн симкорте, ки то ҳол бо шиносномаҳои намунаи соли 1996 дар қайданд, беш аз 880 ҳазорашон фаъол мебошанд.Бар асоси қарори ҳукумати Тоҷикистон, ки ҳанӯзи соли 2016 дар бораи тартиб ва талаботи пайвастшавӣ ба шабакаҳои алоқаи барқӣ қабул шуда буд, ҳамаи муштариёни алоқаи мобилӣ бояд симкортҳояшонро бо шиносномаҳои ID, намунаи cоли 2014 аз нав ба қайд гиранд, ки то ҳол пурра иҷро нашудааст.
https://sputnik.tj/20230206/dastur-general-rahimzoda-tezondani-sabt-simkort-1054715815.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102223/19/1022231904_208:0:1108:675_1920x0_80_0_0_0eef8a46621f31f47111a30aa9a7df04.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тамдид, муҳлат, сабт, симкорт, тоҷикистон
тамдид, муҳлат, сабт, симкорт, тоҷикистон
Муҳлати сабти симкортҳо дар Тоҷикистон тамдид шуд
12:55 15.02.2023 (Навсозишуда: 13:01 15.02.2023) Президенти Тоҷикистон барои тамдиди муҳлати сабти симкортҳо бо пешниҳоди шиносномаи нав муҳлат додааст, то мардуми кишвар ранҷ накашанд
ДУШАНБЕ, 15 фев — Sputnik. Муҳлати сабти симкортҳо бо пешниҳоди шиносномаҳои намунаи нав дар Тоҷикистон, ки то 15 феврали соли 2023 муқаррар шуда буд, тамдид гардид.
Дар ин бора вазири умури дохилии Тоҷикистон, Рамазон Раҳимзода зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дода, афзуд, ки муҳлати сабти симкортҳо барои як соли дигар тамдид гардид.
Кори симкортҳое, ки ҳанӯз бо шиносномаи ҷадид сабт нашудаанд, қатъ нагардид, чун президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон қарор кардааст, муҳлат як соли дигар тамдид шавад, иттилоъ дод вазир.
Ба гуфтаи ӯ, дар зимн бояд давоми ин сол бо мардум кор кард, то шиносномаи нав гиранду симкорташонро бар асоси он сабт кунанд.
Вай тавзеҳ дод, ки ин масъалаи амниятӣ мебошад, чун сохторҳои дахлдор бояд донанд, ки кадом симкорт ба номи кӣ сабт гардидааст.
Ахиран муовини аввали сардори Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, иттилоъ дода буд, ки аз миёни беш аз 2 млн симкорте, ки то ҳол бо шиносномаҳои намунаи соли 1996 дар қайданд, беш аз 880 ҳазорашон фаъол мебошанд.
Бар асоси қарори ҳукумати Тоҷикистон, ки ҳанӯзи соли 2016 дар бораи тартиб ва талаботи пайвастшавӣ ба шабакаҳои алоқаи барқӣ қабул шуда буд, ҳамаи муштариёни алоқаи мобилӣ бояд симкортҳояшонро бо шиносномаҳои ID, намунаи cоли 2014 аз нав ба қайд гиранд, ки то ҳол пурра иҷро нашудааст.