https://sputnik.tj/20230214/vazir-garonii-shir-dar-tojikiston-1054923996.html
Вазир гаронии ширро дар Тоҷикистон мавсимӣ хонд
Вазир гаронии ширро дар Тоҷикистон мавсимӣ хонд
Sputnik Тоҷикистон
Дар ҳоле, ки мақомоти Тоҷикистон аз афзоиши саршумори чорво дар ҷумҳурӣ ва тавлидоти гӯшту шир ҳисобот медиҳанд, нархи ин маҳсулот дар бозор боло рафтааст
2023-02-14T21:20+0500
2023-02-14T21:20+0500
2023-02-14T21:20+0500
дар тоҷикистон
иқтисод
ғизо
маҳсулот
шир
чорво
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/1b/1039084198_0:201:1920:1281_1920x0_80_0_0_93301b7c36a38202f75d8a8408123e42.jpg
ДУШАНБЕ, 14 фев — Sputnik. Соли 2022 дар Тоҷикистон беш аз 1,2 млн тонна шир истеҳсол карда шуд, иттилоъ дод, вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ, Завқӣ Завқизода. Ӯ зимни нишасти матбуотӣ дар мавриди нархи шир суҳбат карда, изҳор дошт, ки истеҳсоли он дар соли гузашта афзоиш ёфтааст. Бо вуҷуди ин, дар Тоҷикистон нархи як литр шир ба 9 сомонӣ баробар аст. Дар ҳоле, ки ду моҳ пеш нархи он 6 сомонӣ буд. Завқӣ Завқизода роҳбари ин ниҳод гуфт, иллати гарон шудани нархи шир ба мавсим вобастагӣ дорад.Ин дар ҳолест, ки мақомоти Тоҷикистон аз зиёд шудани саршумори чорвои хурду калон дар ҷумҳурӣ гузориш медиҳанд. Ахиран мақомоти Суғд, ҳисобот доданд, ки саршумораи чорвои калони шохдор дар вилоят дар оғози соли равон 720 ҳазор сарро ташкил дод, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта ҳудуди 9 ҳазор сар зиёдтар мебошад.Инчунин саршумори гӯсфанду буз ҳудуди 1% ё наздики 20 ҳазор сар афзоиш ёфтааст. Мақомоти Суғд мегӯянд, аксари саршумори чорво аз ҷумла беш аз 86%-и чорвои хурд ва зиёда аз 93%-и чорвои калон ба хоҷагиҳои аҳолӣ рост меоянд.
https://sputnik.tj/20221120/buz-govu-gusfand-tojikiston-1052951417.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/1b/1039084198_99:0:1807:1281_1920x0_80_0_0_ebfd4fc68c5e0512a1da53dfe23a70b9.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
шир, тоҷикистон, гарон, чаро, нарх
шир, тоҷикистон, гарон, чаро, нарх
Вазир гаронии ширро дар Тоҷикистон мавсимӣ хонд
Дар ҳоле, ки мақомоти Тоҷикистон аз афзоиши саршумори чорво дар ҷумҳурӣ ва тавлидоти гӯшту шир ҳисобот медиҳанд, нархи ин маҳсулот дар бозор боло рафтааст
ДУШАНБЕ, 14 фев — Sputnik. Соли 2022 дар Тоҷикистон беш аз 1,2 млн тонна шир истеҳсол карда шуд, иттилоъ дод, вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ, Завқӣ Завқизода.
Ӯ зимни нишасти матбуотӣ дар мавриди нархи шир суҳбат карда, изҳор дошт, ки истеҳсоли он дар соли гузашта афзоиш ёфтааст.
Бо вуҷуди ин, дар Тоҷикистон нархи як литр шир ба 9 сомонӣ баробар аст. Дар ҳоле, ки ду моҳ пеш нархи он 6 сомонӣ буд.
Завқӣ Завқизода роҳбари ин ниҳод гуфт, иллати гарон шудани нархи шир ба мавсим вобастагӣ дорад.
Ин дар ҳолест, ки мақомоти Тоҷикистон аз зиёд шудани саршумори чорвои хурду калон дар ҷумҳурӣ гузориш медиҳанд.
Ахиран мақомоти Суғд, ҳисобот доданд, ки саршумораи чорвои калони шохдор дар вилоят дар оғози соли равон 720 ҳазор сарро ташкил дод, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта ҳудуди 9 ҳазор сар зиёдтар мебошад.
Инчунин саршумори гӯсфанду буз ҳудуди 1% ё наздики 20 ҳазор сар афзоиш ёфтааст.
Мақомоти Суғд мегӯянд, аксари саршумори чорво аз ҷумла беш аз 86%-и чорвои хурд ва зиёда аз 93%-и чорвои калон ба хоҷагиҳои аҳолӣ рост меоянд.