https://sputnik.tj/20221120/buz-govu-gusfand-tojikiston-1052951417.html
Афзоиши саршумори бузу гову гӯсфанд дар Тоҷикистон: Тавлиди гӯшт чӣ?
Афзоиши саршумори бузу гову гӯсфанд дар Тоҷикистон: Тавлиди гӯшт чӣ?
Sputnik Тоҷикистон
Саршумори чорвои калон дар ҳамаи шаклҳои хоҷагӣ дар Тоҷикистон афзоиш ёфта, тавлиди шир ва гӯшт низ дар қиёс бо соли гузашта зиёдтар шудааст
2022-11-20T15:25+0500
2022-11-20T15:25+0500
2022-11-20T15:47+0500
дар тоҷикистон
вазорати кишоварзӣ
чорво
шир
гӯшт
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102640/93/1026409322_0:81:3077:1811_1920x0_80_0_0_c48972c0d323b2bd66ae9e665f3aca5e.jpg
ДУШАНБЕ, 20 ноя — Sputnik. Ба ҳолати оғози ноябри соли 2022 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории Тоҷикистон зиёда аз 2,5 млн сар чорвои калон парвариш карда мешаванд, хабар дод Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ. Ба итилои манбаъ саршумори чорвои калон дар ҷумҳурӣ тайи даҳмоҳаи соли равон дар қиёс бо ҳамин давраи соли гузашта 102 ҳазор сар зиёд шудааст. Дар ин миён аз ҷумла 1,3 млн сар модагов мебошад, ки дар қиёс бо охири даҳмоҳаи соли гузашта беш аз 50 ҳазор сар зиёдтаранд. Вазорати кишоварзии Тоҷикистон саршумори бузу гӯсфандро дар Тоҷикистон 6 млну 262 ҳазор сар арзёбӣ кардааст. Афзоиши саршумори бузу гӯсфанд зиёда аз 258 ҳазор сарро ташкил медиҳад. Ин ниҳод таъкид намудаст, ки теъдоди аспон низ дар хоҷагиҳои Тоҷикистон зиёд шуда, ба 85 ҳазор сар баробар гардидаст. Ин дар қиёс бо ҳамин давраи соли гузашта беш аз 1 ҳазор сар зиёдтар аст. Мақомот ҳамчунин аз афзоиши истеҳсоли гӯшту шир гузориш додаанд. Аз ҷумла дар давоми моҳҳои январ - октябр зиёда аз 227 ҳазор тонна гӯшт ва 760 ҳазор тонна шир истеҳсол карда шудааст.Тибқи таҳлилҳо нисбати ҳамин давраи соли гузашта истеҳсоли гӯшт 12 ҳазор тонна ва шир 16,4 ҳазор тонна зиёд мебошад.Бо мақсади рушди чорводорию таъмини фаровонии бозор мақомоти кишоварзии Тоҷикистон мегӯянд, мунтазам "Фестивали намоиш ва фурӯши чорвои зотӣ" баргузор мешавад, ки чорводорон аз хоҷагиҳои гуногунро ба ҳам меорад.
https://sputnik.tj/20220518/sughd-kishti-sholiro-ziyod-narkhi-osh-arzon-1048546951.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102640/93/1026409322_172:0:2903:2048_1920x0_80_0_0_bbbb63d16635fc2c1a49b1111d6a9e97.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
буз, гов, гӯсфанд, афзоиш,
буз, гов, гӯсфанд, афзоиш,
Афзоиши саршумори бузу гову гӯсфанд дар Тоҷикистон: Тавлиди гӯшт чӣ?
15:25 20.11.2022 (Навсозишуда: 15:47 20.11.2022) Саршумори чорвои калон дар ҳамаи шаклҳои хоҷагӣ дар Тоҷикистон афзоиш ёфта, тавлиди шир ва гӯшт низ дар қиёс бо соли гузашта зиёдтар шудааст
ДУШАНБЕ, 20 ноя — Sputnik. Ба ҳолати оғози ноябри соли 2022 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории Тоҷикистон зиёда аз 2,5 млн сар чорвои калон парвариш карда мешаванд, хабар дод Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ.
Ба итилои манбаъ саршумори чорвои калон дар ҷумҳурӣ тайи даҳмоҳаи соли равон дар қиёс бо ҳамин давраи соли гузашта 102 ҳазор сар зиёд шудааст.
Дар ин миён аз ҷумла 1,3 млн сар модагов мебошад, ки дар қиёс бо охири даҳмоҳаи соли гузашта беш аз 50 ҳазор сар зиёдтаранд.
Вазорати кишоварзии Тоҷикистон саршумори бузу гӯсфандро дар Тоҷикистон 6 млну 262 ҳазор сар арзёбӣ кардааст. Афзоиши саршумори бузу гӯсфанд зиёда аз 258 ҳазор сарро ташкил медиҳад.
Ин ниҳод таъкид намудаст, ки теъдоди аспон низ дар хоҷагиҳои Тоҷикистон зиёд шуда, ба 85 ҳазор сар баробар гардидаст. Ин дар қиёс бо ҳамин давраи соли гузашта беш аз 1 ҳазор сар зиёдтар аст.
Мақомот ҳамчунин аз афзоиши истеҳсоли гӯшту шир гузориш додаанд. Аз ҷумла дар давоми моҳҳои январ - октябр зиёда аз 227 ҳазор тонна гӯшт ва 760 ҳазор тонна шир истеҳсол карда шудааст.
Тибқи таҳлилҳо нисбати ҳамин давраи соли гузашта истеҳсоли гӯшт 12 ҳазор тонна ва шир 16,4 ҳазор тонна зиёд мебошад.
Бо мақсади рушди чорводорию таъмини фаровонии бозор мақомоти кишоварзии Тоҷикистон мегӯянд, мунтазам "Фестивали намоиш ва фурӯши чорвои зотӣ" баргузор мешавад, ки чорводорон аз хоҷагиҳои гуногунро ба ҳам меорад.