Зери ғарами оҳану бетон: дар Туркия имдодгарони тоҷик чӣ тавр кор мекунанд

© КЧС ТаджикистанаТаджикские спасатели разбирают завалы разрушенных зданий в турецкой провинции Кахраманмараш
Таджикские спасатели разбирают завалы разрушенных зданий в турецкой провинции Кахраманмараш - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.02.2023
Обуна шудан
Гуруҳи наҷотдиҳандагони КҲФ Тоҷикистон барои рафъи корҳои наҷот дар вилояти аз офати табиӣ осебдидаи Қаҳрамонмараш фаъолияти худро босамар идома медиҳад
ДУШАНБЕ, 14 фев — Sputnik. Мутахассисони Тоҷикистон дар маҳалли заминларза дар Туркия амалиёти ҷустуҷӯ ва наҷотро идома медиҳанд.
Тӯли 18 соати ахири кор дар вилояти Қаҳрамонмараш, ки аз ҳодисаи харобиовар бештар осеб дидааст, наҷотдиҳандагон 31 ҷасадро аз харобаҳо берун оварданд.
Дар ин бора дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании кишвар хабар додааст.
Ҳамчунин гуфта мешавад, ки дар маҷмӯъ дар чаҳорчӯби ин амалиёт воҳиди КҲФ 109 ҷасадро пайдо ва ба хадамоти дахлдори Туркия интиқол додааст.
Дар ин рӯзҳо ҳамчунин ҷони се нафарро аз хатари марговар наҷот доданд, ки ду нафари онҳо кӯдакони аз шашмоҳа то 3-сола мебошанд.
Спасателями КЧС спасена еще одна жизнь в Турции! - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.02.2023
Наҷоти кӯдаки 3-сола аз сӯйи наҷотдиҳандагони тоҷик дар Туркия – видео
Бояд гуфт, ки наҷотдиҳандагон дар шароити хеле душвор кор мекунанд. Бо ёрии таҷҳизоти иктишофӣ ҷои зиндамондагонро ёфта, аз зери харобаҳо баровардан мумкин аст.
Илова бар ин, мутахассисони тоҷик ба осебдидагон ёрии аввалия низ мерасонанд.
Қарор аст корҳои ҷустуҷӯву наҷот дар манотиқи зилзилазада то замоне идома кунад, ки шахсияти ҳамаи бенишон гумшудагон мушаххас нашавад.
Қаблан раиси вазорати умури дохилии Туркия ба наҷотдиҳандагони тоҷик барои фаъолияти пурсамарашон изҳори сипос карда буд.
Тибқи маълумоти ахир, дар натиҷаи заминларза шумораи қурбониёни ин ду кишвар аллакай аз 33 ҳазор нафар гузаштааст.
Лентаи хабарҳо
0