Наҷоти кӯдаки 3-сола аз сӯйи наҷотдиҳандагони тоҷик дар Туркия – видео

Обуна шудан
Кӯдаки сесолае ба номи Явуз дар минтақаи Оникисубати шаҳри Қаҳрамонмараши Туркия дар зери харобаҳои заминларзаи шадид пайдо шуд
Наҷотдиҳандагони тоҷик як ҳафта пас аз заминларзаи шадид дар Туркия кӯдаки сесолаеро аз зери харобаҳо зинда берун овардаанд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон видеои лаҳзаи берун овардани ин кӯдакро нашр карданд.
Ба иттилои КҲФ, пас аз соатҳои тӯлонии корҳои ҷустуҷӯӣ ва наҷотдиҳӣ дар мавзеи Оникисубати шаҳри Қаҳрамонмараш бо истифода аз таҷҳизоти махсус барои ҷустуҷӯи одамони зери харобаҳо Явузи сесоларо ёфта, наҷот доданд.
Наҷотдиҳандагони тоҷик кӯдакро баъди 1 ҳафта аз зери харобаҳо зинда берун оварданд - видео
"Наҷотдиҳандагон ба хотири боз ҳам бештар натарсонданн кӯдак, таҷҳизотро хомӯш карда, ба сӯи ӯ хазида рафта, наҷоташ додаанд. Одамони назди харобазор кӯдаку кори наҷотдиҳандагонро бо кафкубиҳо пешвоз гирифтанд", - афзуд КҲФ.
Ҳамин тариқ Явуз дар зери харобаҳо 158 соатро гузаронд. Дар маҷмуъ наҷотдиҳандагони Тоҷикистон тавонистаанд, то ҳол 3 нафарро зинда берун оранд.
Маврид ба зикр аст, ки Тоҷикистон ба Туркия ҳайати 50-нафарии табибон ва наҷотдиҳандагонро фиристод, ки барои бартараф кардани оқибатҳои заминларзаи шадиди 6 феврал кумак мекунанд.
Заминларзаи шадиди 6 феврал дар Туркия ва Сурия даҳҳо ҳазор куштаю маҷруҳ барҷой гузошт.
Лентаи хабарҳо
0