https://sputnik.tj/20230214/surati-afzoishi-mmd-dar-tojikiston-elom-shud-1054900371.html
Суръати афзоиши ММД дар Тоҷикистон эълом шуд: паст ё баланд?
Суръати афзоиши ММД дар Тоҷикистон эълом шуд: паст ё баланд?
Sputnik Тоҷикистон
Сарфи назар аз вазъи душвори иқтисоди ҷаҳонӣ, бахусус бӯҳронҳои энергетикӣ ва озуқаворӣ, маҷмӯи маҳсулоти дохилии ҷумҳурӣ натиҷаҳои хуб нишон дод
2023-02-14T11:40+0500
2023-02-14T11:40+0500
2023-02-14T11:41+0500
дар тоҷикистон
иқтисод
ммд
содирот
фоида
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102794/81/1027948123_0:0:1920:1080_1920x0_80_0_0_21f027dae1004c367b52b5318c39c8d5.jpg
ДУШАНБЕ, 14 фев — Sputnik. Тибқи натиҷаҳои соли 2022 маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон 115 миллиард сомонӣ афзоиш ёфтааст. Дар ин бора Завқӣ Завқизода, вазири рушди иқтисод ва савдои кишвар дар нишасти матбуотияш хабар дод. Ба иттилои манбаъ, афзоиш назар ба соли гузашта 8%-ро ташкил дод. Тибқи омори ниҳоди мазкур, ин аз ҳисоби 15,4 фоиз афзудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, ки 42,9 миллиард сомониро ташкил медиҳад, ба даст омадааст. Чунин дастовард дар натиҷаи таъмини талаботи бозор ба маҳсулоти ватанӣ, ба истифода додани иқтидорҳои нав ва истифодаи иқтидори содиротӣ ба даст омадааст.Ҳамин тариқ, беш аз 487 корхонаи нав барои зиёда аз 4000 ҷойи корӣ ба кор даромад. Ҳаҷми маҳсулоти хоҷагии қишлок 8% афзуда, 49,2 миллиард сомониро ташкил дод. Аз ҷумла маҳсулоти зироатӣ 7,7% ва чорводорӣ 8,75 афзуд. Инчунин гардиши бор ва мусофиркашонӣ 37,2%, хизматрасонии пулакӣ 16%, маблағгузорӣ ба фондҳои асосӣ 11,4% афзудааст. Дар баробари ин ҳаҷми умумии муомилоти мол 11,2% афзуд. Сатҳи таваррум бошад, дар соли 2022 дар ҷумҳурӣ 4,2%-ро ташкил дод. Қобили зикр аст, ки ин рақам нисбат ба соли 2021 3,8% камтар аст (он вақт афзоиши таваррум дар сатҳи 8% буд). Қаблан Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар суханронии солонаи худ дар порлумони кишвар гуфта буд, ки аз нигоҳи иқтисодӣ сол барои кишвар муваффақ буд.
https://sputnik.tj/20230209/sahm-viloyat-sugd-bujeti-kishvar-1054814192.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102794/81/1027948123_254:0:1694:1080_1920x0_80_0_0_187a948c8f7841e3405f9c366d2073ff.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
суръат афзоиш ммд тоҷикистон эълом
суръат афзоиш ммд тоҷикистон эълом
Суръати афзоиши ММД дар Тоҷикистон эълом шуд: паст ё баланд?
11:40 14.02.2023 (Навсозишуда: 11:41 14.02.2023) Сарфи назар аз вазъи душвори иқтисоди ҷаҳонӣ, бахусус бӯҳронҳои энергетикӣ ва озуқаворӣ, маҷмӯи маҳсулоти дохилии ҷумҳурӣ натиҷаҳои хуб нишон дод
ДУШАНБЕ, 14 фев — Sputnik. Тибқи натиҷаҳои соли 2022 маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон 115 миллиард сомонӣ афзоиш ёфтааст.
Дар ин бора Завқӣ Завқизода, вазири рушди иқтисод ва савдои кишвар дар нишасти матбуотияш хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, афзоиш назар ба соли гузашта 8%-ро ташкил дод.
Тибқи омори ниҳоди мазкур, ин аз ҳисоби 15,4 фоиз афзудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, ки 42,9 миллиард сомониро ташкил медиҳад, ба даст омадааст.
Чунин дастовард дар натиҷаи таъмини талаботи бозор ба маҳсулоти ватанӣ, ба истифода додани иқтидорҳои нав ва истифодаи иқтидори содиротӣ ба даст омадааст.
Ҳамин тариқ, беш аз 487 корхонаи нав барои зиёда аз 4000 ҷойи корӣ ба кор даромад.
Ҳаҷми маҳсулоти хоҷагии қишлок 8% афзуда, 49,2 миллиард сомониро ташкил дод. Аз ҷумла маҳсулоти зироатӣ 7,7% ва чорводорӣ 8,75 афзуд.
Инчунин гардиши бор ва мусофиркашонӣ 37,2%, хизматрасонии пулакӣ 16%, маблағгузорӣ ба фондҳои асосӣ 11,4% афзудааст.
Дар баробари ин ҳаҷми умумии муомилоти мол 11,2% афзуд.
Сатҳи таваррум бошад, дар соли 2022 дар ҷумҳурӣ 4,2%-ро ташкил дод.
Қобили зикр аст, ки ин рақам нисбат ба соли 2021 3,8% камтар аст (он вақт афзоиши таваррум дар сатҳи 8% буд).
Қаблан Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар суханронии солонаи худ дар порлумони кишвар гуфта буд, ки аз нигоҳи иқтисодӣ сол барои кишвар муваффақ буд.