https://sputnik.tj/20230209/sahm-viloyat-sugd-bujeti-kishvar-1054814192.html
Маълум шуд, ки саҳми вилояти Суғд ба буҷети кишвар чи қадар аст
Маълум шуд, ки саҳми вилояти Суғд ба буҷети кишвар чи қадар аст
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти Идораи андоз дар вилояти Суғд ахиран эълон карданд, ки чанд дарсади буҷаи мамлакат аз ҳисоби ин вилоят таъмин мешавад
2023-02-09T20:50+0500
2023-02-09T20:50+0500
2023-02-09T20:50+0500
дар тоҷикистон
суғд
иқтисод
буҷа
саҳми бузург
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/11/1044219205_0:0:3072:1728_1920x0_80_0_0_d73776bbb044b07d833c1aa10a938b22.jpg
ДУШАНБЕ, 9 фев – Sputnik. Беш аз 1, 1 млрд сомонии буҷҷаи кишвар аз ҳисоби даромадҳои вилояти Суғд ғанӣ мешавад.Дар ин бора Абдувоҳид Қаюмов, сардори Раёсати андоз дар вилояти Суғд, зимни посух ба суоли рӯзноманигорон иттилоъ дод.Ӯ, гуфт, давоми соли гузашта нақшаи таъмини буҷҷа аз ҳисоби ин вилоят 110, 6% иҷро шудааст.Бар пояи иттилоъи мақомот соли 2022 ҳаҷми даромадҳои андозӣ дар вилояти Суғд ба 4 млрд 342, 4 млн сомонӣ баробар шудааст, ки ин рақам дар муқоиса ба соли 2021 - 470, 4 млн сомонӣ ё худ 12, 2 % зиёд будааст.Ёдовар мешавем, ки соли 2022, ҳаҷми умумии буҷети Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳо 3 млрд 302 млн 852 ҳазор сомонӣ қабул шуда буд. Дар муқоиса ба як соли қаблӣ 5 млн 357,57 ҳазор сомонӣ афзоиш ёфтааст.
https://sputnik.tj/20230209/navruz-sughd--tajlil-malum-1054810846.html
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/11/1044219205_341:0:3072:2048_1920x0_80_0_0_4230a5d01a2f12f9d38fed037f54ceba.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, суғд, вилоят, мақомот, буҷет, кишвар, вилоят, саҳм, иқтисод
тоҷикистон, суғд, вилоят, мақомот, буҷет, кишвар, вилоят, саҳм, иқтисод
Маълум шуд, ки саҳми вилояти Суғд ба буҷети кишвар чи қадар аст
Мақомоти Идораи андоз дар вилояти Суғд ахиран эълон карданд, ки чанд дарсади буҷаи мамлакат аз ҳисоби ин вилоят таъмин мешавад
ДУШАНБЕ, 9 фев – Sputnik. Беш аз 1, 1 млрд сомонии буҷҷаи кишвар аз ҳисоби даромадҳои вилояти Суғд ғанӣ мешавад.
Дар ин бора Абдувоҳид Қаюмов, сардори Раёсати андоз дар вилояти Суғд, зимни посух ба суоли рӯзноманигорон иттилоъ дод.
Ӯ, гуфт, давоми соли гузашта нақшаи таъмини буҷҷа аз ҳисоби ин вилоят 110, 6% иҷро шудааст.
“Давоми соли 2022 аз ҳисоби вилояти Суғд ба буҷҷаи мамлакат 1 млрд 171 млн сомонӣ ворид карда шудааст. Хушбахтона ин рақам аз нишондоди нақшавӣ 113 млн сомонӣ зиёд аст” – зикр кард, Қаюмов.
Бар пояи иттилоъи мақомот соли 2022 ҳаҷми даромадҳои андозӣ дар вилояти Суғд ба 4 млрд 342, 4 млн сомонӣ баробар шудааст, ки ин рақам дар муқоиса ба соли 2021 - 470, 4 млн сомонӣ ё худ 12, 2 % зиёд будааст.
Ёдовар мешавем, ки соли 2022, ҳаҷми умумии буҷети Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳо 3 млрд 302 млн 852 ҳазор сомонӣ қабул шуда буд. Дар муқоиса ба як соли қаблӣ 5 млн 357,57 ҳазор сомонӣ афзоиш ёфтааст.