Лидер будани Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ барқарор мешавад

© Sputnik / Михаил Воскресенский / Гузариш ба медиабонкПродавец в медицинской маске рынке
Продавец в медицинской маске рынке - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.02.2023
Обуна шудан
Мақомот тоҷик мегӯянд, ки ҷуғрофиёи содироти кишвар ҳамасола дар ҳоли афзоиш аст ва кишвар талош хоҳад кард, ки барои роҳ ёфтан ба бозорҳои нав чораандешӣ кунад
ДУШАНБЕ, 14 фев — Sputnik. То соли 2015 Тоҷикистон миёни давлатҳои Осиёи Марказӣ дар самти содироти меваи хушк ба кишварҳои хориҷ лидер буд.
Дар ин бора намояндагони Агентии содироти кишвар дар нишасти хабарӣ изҳор доштанд.
Зикр гардид, ки то соли 2015 аз ҷумҳурӣ солона то 90 ҳазор тонна меваи хуш содирот мешуд, вале баъди ташкили Иттиҳоди гумрукӣ ин мақом аз даст рафт.
Зимнан, соли 2022 Тоҷикистон беш аз 52 ҳазор тонна меваи хушро содир кард, ки ин тахминан 27% сохтори маҳсулоти кишоварзиро ташкил дод.
"Лидер будани Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ аз ҳисоби содироти меваи хушк барқарор шуда истодааст", - афзуданд намояндагони ин ниҳод.
Маврид ба зикр аст, ки қаблан гуфта мешуд, бинобар баъзе маҳдудиятҳо маҳсулоти Тоҷикистон ба ҳудуди давлатҳои узви Иттиҳоди гумрукӣ бештар бо тамғаи қирғизиву қазоқӣ ворид мешуд.
Сабукиҳои даврони пандемия дигарбора имкон дод, ки кишвар маҳсулоташро бо тамғаи худӣ ворид созад.
Выставочное панно по случаю празднования Сада - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.01.2023
Содироти маҳсулоти кишоварзии Хатлон ба ҳафт кишвари ҷаҳон
Ба гузориши Агентии омори кишвар Тоҷикистон дар соли 2022 беш аз 7,3 миллиард долларро ташкил дод.
Ҳамин тариқ, ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли 2021, 15% бештар аст. Тибқи омор, гардиши тиҷорати хориҷии Тоҷикистон ҳамчунон манфӣ боқӣ мемонад.
Зимнан, дар натиҷаи фаъолияти тиҷорати хориҷӣ аз ҷумҳурӣ хориҷшавии бебозгашти асъори хориҷӣ дар соли гузашта беш аз 3 млрд долларро ташкил дод.
Дар ҳамин ҳол, содироти коло дар ин давра беш аз 2,1 млрд доллар ва воридот ба кишвар 5,2 млрд долларро ташкил додааст.
Лентаи хабарҳо
0