https://sputnik.tj/20230112/sodiroti-mahsuloti-kishovarzii-khatlon-ba-haft-kishvari-jahon--1054173167.html
Содироти маҳсулоти кишоварзии Хатлон ба ҳафт кишвари ҷаҳон
Содироти маҳсулоти кишоварзии Хатлон ба ҳафт кишвари ҷаҳон
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти вилояти Хатлон аз афзоиши содироти маҳсулоти кишоварзӣ дар соли гузашта хабар дод. Маҳсулоти ин вилояти Тоҷикистон ба 7 кишвари ҷаҳон содирот шудааст
2023-01-12T20:45+0500
2023-01-12T20:45+0500
2023-01-12T20:45+0500
дар тоҷикистон
содирот
маҳсулот
кишоварзӣ
хатлон
иқтисод
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/02/1032747130_0:0:3076:1731_1920x0_80_0_0_cc4c7f118fc11dbf144dd82b3d526f77.jpg
ДУШАНБЕ, 12 янв – Sputnik. Дар давраи ҳисоботӣ, гардиши савдои хориҷӣ ба 498,2 миллион доллар расидааст, ки аз он 238,2 миллион доллар содироти молу маҳсулот ва 260 миллион доллари дигар воридотро ташкил додаааст, иттилоъ додааст дафтари матбуоти мақомоти вилояти Хатлон.Ба иттилои манбаъ, ҳаҷми содирот дар қиёс нисбати ҳамин давраи соли гузашта 135,3 дарсад ё баробари 62,2 миллион доллар зиёд мебошад.Аз ҷумла дар давраи ҳисоботӣ тавассути дидбонгоҳҳои гумрукии вилоят 31,3 ҳазор тонна нахи пахта, 11,8 ҳазор тонна калобаи ресандагӣ, 1,2 ҳазор тонна матоъ, 1,7 млрд. кв. соат. неъруи барқ, 418,4 ҳазор тонна семент, 269,4 ҳазор тонна ангишт аз ҳудуди вилоят содирот шудааст.Ҳамзамон тибқи иттилои мақомоти вилояти Хатлон дар соли 2022 аз ҳудуди вилоят ба хориҷи кишвар 23,8 ҳазор тонна маҳсулотҳои соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла 20 ҳазор тонна таввасути нақлиёт ва тайёра, 3819 тонна бо тариқи роҳи оҳан ба берун аз ҷумҳурӣ ба давлатҳои Русия, Афғонистон, Ӯзбекистон, Туркия, Қазоқистон, Покистон ва Белоруссия содирот карда шуд.“Маҳсулотҳои содиротгардида асосан 6044 тонна сабзавот, аз ҷумла 4157 тонна пиёз, 330 тонна полезиҳо, 5038 тонна мевагиҳо ва лимон, 10863 тонна ангур ва 1528,3 тонна дигар маҳсулотҳоро ташкил медиҳад”,- таъкид кардааст манбаъ.
https://sputnik.tj/20230112/jalb-dollar-sarmoya-khoriji-iqtisodi-khatlon-1054160298.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/02/1032747130_332:0:3063:2048_1920x0_80_0_0_33ef6da0c499bdb7d98f21a571ac8e12.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, маҳсулоти кишоварзӣ, содирот, воридот, хатлон, вилоят, кишвари ҷаҳон
тоҷикистон, маҳсулоти кишоварзӣ, содирот, воридот, хатлон, вилоят, кишвари ҷаҳон
Содироти маҳсулоти кишоварзии Хатлон ба ҳафт кишвари ҷаҳон
Мақомоти вилояти Хатлон аз афзоиши содироти маҳсулоти кишоварзӣ дар соли гузашта хабар дод. Маҳсулоти ин вилояти Тоҷикистон ба 7 кишвари ҷаҳон содирот шудааст
ДУШАНБЕ, 12 янв – Sputnik. Дар давраи ҳисоботӣ, гардиши савдои хориҷӣ ба 498,2 миллион доллар расидааст, ки аз он 238,2 миллион доллар содироти молу маҳсулот ва 260 миллион доллари дигар воридотро ташкил додаааст, иттилоъ додааст дафтари матбуоти мақомоти вилояти Хатлон.
Ба иттилои манбаъ, ҳаҷми содирот дар қиёс нисбати ҳамин давраи соли гузашта 135,3 дарсад ё баробари 62,2 миллион доллар зиёд мебошад.
Аз ҷумла дар давраи ҳисоботӣ тавассути дидбонгоҳҳои гумрукии вилоят 31,3 ҳазор тонна нахи пахта, 11,8 ҳазор тонна калобаи ресандагӣ, 1,2 ҳазор тонна матоъ, 1,7 млрд. кв. соат. неъруи барқ, 418,4 ҳазор тонна семент, 269,4 ҳазор тонна ангишт аз ҳудуди вилоят содирот шудааст.
Ҳамзамон тибқи иттилои мақомоти вилояти Хатлон дар соли 2022 аз ҳудуди вилоят ба хориҷи кишвар 23,8 ҳазор тонна маҳсулотҳои соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла 20 ҳазор тонна таввасути нақлиёт ва тайёра, 3819 тонна бо тариқи роҳи оҳан ба берун аз ҷумҳурӣ ба давлатҳои Русия, Афғонистон, Ӯзбекистон, Туркия, Қазоқистон, Покистон ва Белоруссия содирот карда шуд.
“Маҳсулотҳои содиротгардида асосан 6044 тонна сабзавот, аз ҷумла 4157 тонна пиёз, 330 тонна полезиҳо, 5038 тонна мевагиҳо ва лимон, 10863 тонна ангур ва 1528,3 тонна дигар маҳсулотҳоро ташкил медиҳад”,- таъкид кардааст манбаъ.