https://sputnik.tj/20230213/narkhi-barq-shirkati-aluminiyi-tojik-bolo-1054870464.html
Нархи барқ барои "Ширкати алюминийи тоҷик" боло рафт
Нархи барқ барои "Ширкати алюминийи тоҷик" боло рафт
Sputnik Тоҷикистон
Ширкати алюминийи тоҷик маъруф бо "Талко", ки солиёни зиёд дар ҳолатҳои боло бурдани нархи барқ истисно мешуд, минбаъд ҳаққи бештар пардохт хоҳад кард
2023-02-13T14:09+0500
2023-02-13T14:09+0500
2023-02-13T14:09+0500
дар тоҷикистон
об
нарх
барқ
энергетика
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/01/13/1032654640_0:154:2943:1809_1920x0_80_0_0_be2ec36a0cbbfeef40034ac3d9170e42.jpg
ДУШАНБЕ, 13 фев — Sputnik. Тарифи нерӯи барқ барои ҶСК "Ширкати Алюминийи Тоҷик" аз аввали соли равон 15,57 дирамро ташкил медиҳад.Дар ин бора мудири ҶСК "Шабакаҳои тақсимоти барқ", Ивайло Стоянов зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод. Ба гуфтаи ӯ, тарофаҳои ҷадид барои корхонаи калонтарини саноатии Тоҷикистон на мавсимӣ, балки давоми сол амал хоҳанд буд. Қаблан ин ширкат барои як киловатт дар фасли гармо 7,2 дирам ва дар фасли сармо 11,8 дирам пардохт мекард. Ин дар ҳолест, ки дар болоравии ахири нерӯи барқ барои истифодабарандагон, ки моҳи октябри соли гузашта сурат гирифта буд, Талко истисно гардида буд. Аз моҳи октябри соли гузашта қимати истифодаи барқ дар Тоҷикистон барои аҳолӣ ҳудуди 4 дирам боло рафта, 26,51 дирам муқаррар шудааст.Ҳамзамон қувваи барқ барои барои корхонаҳои саноатӣ дар нархномаҳо 60,65 дирам, корхонаҳои буҷетӣ - 26,51, барои насосҳои обкашӣ дар баҳору тобистон 9,2 дирам ва дар тирамоҳу зимистон 26,51 дирам муқаррар кардааст.Масъулини бахши энергетикаи Тоҷикистон зарурати боло бурдани нархи барқро ба ниёз ба маблағгузорӣ барои беҳбуди инфрасохтори энергетикии кишвар рабт медиҳанд.
https://sputnik.tj/20230213/roghun-qadar-barq-istehsol-1054864382.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/01/13/1032654640_164:0:2780:1962_1920x0_80_0_0_0569f3b1f73e3ecc350ef9845f9e2b25.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
болоравӣ, нарх, барқ, тоҷикистон, талко
болоравӣ, нарх, барқ, тоҷикистон, талко
Нархи барқ барои "Ширкати алюминийи тоҷик" боло рафт
Ширкати алюминийи тоҷик маъруф бо "Талко", ки солиёни зиёд дар ҳолатҳои боло бурдани нархи барқ истисно мешуд, минбаъд ҳаққи бештар пардохт хоҳад кард
ДУШАНБЕ, 13 фев — Sputnik. Тарифи нерӯи барқ барои ҶСК "Ширкати Алюминийи Тоҷик" аз аввали соли равон 15,57 дирамро ташкил медиҳад.
Дар ин бора мудири ҶСК "Шабакаҳои тақсимоти барқ", Ивайло Стоянов зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Ба гуфтаи ӯ, тарофаҳои ҷадид барои корхонаи калонтарини саноатии Тоҷикистон на мавсимӣ, балки давоми сол амал хоҳанд буд.
Қаблан ин ширкат барои як киловатт дар фасли гармо 7,2 дирам ва дар фасли сармо 11,8 дирам пардохт мекард.
Ин дар ҳолест, ки дар болоравии ахири нерӯи барқ барои истифодабарандагон, ки моҳи октябри соли гузашта сурат гирифта буд, Талко истисно гардида буд.
Аз моҳи октябри соли гузашта қимати истифодаи барқ дар Тоҷикистон барои аҳолӣ ҳудуди 4 дирам боло рафта, 26,51 дирам муқаррар шудааст.
Ҳамзамон қувваи барқ барои барои корхонаҳои саноатӣ дар нархномаҳо 60,65 дирам, корхонаҳои буҷетӣ - 26,51, барои насосҳои обкашӣ дар баҳору тобистон 9,2 дирам ва дар тирамоҳу зимистон 26,51 дирам муқаррар кардааст.
Масъулини бахши энергетикаи Тоҷикистон зарурати боло бурдани нархи барқро ба ниёз ба маблағгузорӣ барои беҳбуди инфрасохтори энергетикии кишвар рабт медиҳанд.