https://sputnik.tj/20230213/roghun-qadar-barq-istehsol-1054864382.html
"Роғун" дар соли 2022 чӣ қадар барқ истеҳсол кард?
"Роғун" дар соли 2022 чӣ қадар барқ истеҳсол кард?
Sputnik Тоҷикистон
Ширкати "Барқи тоҷик" аз нерӯгоҳи барқи обии "Роғун" дар соли гузашта ба андозаи 1 млрду 640 млн киловат соат нерӯи барқ харидорӣ кардааст
2023-02-13T10:31+0500
2023-02-13T10:31+0500
2023-02-13T10:34+0500
дар тоҷикистон
нерӯгоҳ
энергетика
"барқи тоҷик"
фурӯш
барқ
роғун
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102982/63/1029826383_183:328:1520:1080_1920x0_80_0_0_3db832be1b3e0d680da7e7a10f3a7383.jpg
ДУШАНБЕ, 13 фев — Sputnik. Нерӯгоҳи "Роғун" дар соли гузашта ба "Барқи тоҷик" ба маблағи беш аз 382 млн сомонӣ барқ фурӯхтааст. Дар ин бораи раёсати ширкати "Барқи тоҷик" зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дода, афзуд, ки харидории барқ аз "Роғун" дар соли гузашта афзоиш ёфтааст. Дар маҷмуъ аз нерӯгоҳи барқи обии "Роғун" давоми сол ба андозаи 1 млрду 640 млн киловат соат нерӯи барқ харидорӣ шудааст. Ин дар ҳолест, ки хариди барқ аз нерӯгоҳи "Роғун" дар соли 2021 ба 342 млн сомонӣ баробар буд. Маврид ба зикр аст, ки феълан дар "Роғун" 2 чарха фаъолият дошта, сохтмони он идома дорад. Интизор меравад, ки нерӯгоҳ бо иқтидори беш аз 3600 МВт калонтарин дар минтақа гардад. Феълан мақомоти тоҷик ният доранд, барои ҷалби сармоя барои идомаи сохтмони НБО "Роғун" консорсиум таъсис диҳанд. Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон, Далер Ҷумъа, ахиран гуфт, қарор аст, як консорсиуми шабеҳи тарҳи CASA-1000, ки аз сӯи ниҳодҳои молии байнулмилалӣ маблағгузорӣ шудааст, таъсис дода шавад.Ба гуфтаи ӯ, дар ҳоли ҳозир бо сармоягузорони эҳтимолӣ, ки аз ниҳодҳои молии байналмилалӣ ва кишварҳои алоҳида намояндагӣ мекунанд, музокирот идома дорад.
https://sputnik.tj/20230211/ziyod-shud-qarzi-barqi-tojik-nbo-sangtuda-1054845913.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102982/63/1029826383_275:255:1375:1080_1920x0_80_0_0_3d10ea709951216ae0b7a921c06ac2d0.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афзоиш, харид, барқ, нерӯгоҳ, роғун
афзоиш, харид, барқ, нерӯгоҳ, роғун
"Роғун" дар соли 2022 чӣ қадар барқ истеҳсол кард?
10:31 13.02.2023 (Навсозишуда: 10:34 13.02.2023) Ширкати "Барқи тоҷик" аз нерӯгоҳи барқи обии "Роғун" дар соли гузашта ба андозаи 1 млрду 640 млн киловат соат нерӯи барқ харидорӣ кардааст
ДУШАНБЕ, 13 фев — Sputnik. Нерӯгоҳи "Роғун" дар соли гузашта ба "Барқи тоҷик" ба маблағи беш аз 382 млн сомонӣ барқ фурӯхтааст.
Дар ин бораи раёсати ширкати "Барқи тоҷик" зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дода, афзуд, ки харидории барқ аз "Роғун" дар соли гузашта афзоиш ёфтааст.
Дар маҷмуъ аз нерӯгоҳи барқи обии "Роғун" давоми сол ба андозаи 1 млрду 640 млн киловат соат нерӯи барқ харидорӣ шудааст.
Ин дар ҳолест, ки хариди барқ аз нерӯгоҳи "Роғун" дар соли 2021 ба 342 млн сомонӣ баробар буд.
Маврид ба зикр аст, ки феълан дар "Роғун" 2 чарха фаъолият дошта, сохтмони он идома дорад. Интизор меравад, ки нерӯгоҳ бо иқтидори беш аз 3600 МВт калонтарин дар минтақа гардад.
Феълан мақомоти тоҷик ният доранд, барои ҷалби сармоя барои идомаи сохтмони НБО "Роғун" консорсиум таъсис диҳанд.
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон, Далер Ҷумъа, ахиран гуфт, қарор аст, як консорсиуми шабеҳи тарҳи CASA-1000, ки аз сӯи ниҳодҳои молии байнулмилалӣ маблағгузорӣ шудааст, таъсис дода шавад.
Ба гуфтаи ӯ, дар ҳоли ҳозир бо сармоягузорони эҳтимолӣ, ки аз ниҳодҳои молии байналмилалӣ ва кишварҳои алоҳида намояндагӣ мекунанд, музокирот идома дорад.